Президенти Эрон бо сафари дурӯза ба Маскав омад

Президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ бо сафари дурӯза ба Маскав ташриф оварда, бо нахуствазири Русия Дмитрий Медведев имкони роҳандозии тартиби боҷҳои пасти интихобӣ дар савдо миёни Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро баррасӣ кард. Нашрияи «Коммерсант» менависад, имрӯз Ҳасан Рӯҳонӣ бори нуҳум бо президенти Русия Владимир Путин дидору гуфтушунид карда, дар мулоқот баррасии лоиҳаҳои муштарак лар соҳаҳои […]

asia+, asia+

Президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ бо сафари дурӯза ба Маскав ташриф оварда, бо нахуствазири Русия Дмитрий Медведев имкони роҳандозии тартиби боҷҳои пасти интихобӣ дар савдо миёни Эрон ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро баррасӣ кард.

Нашрияи «Коммерсант» менависад, имрӯз Ҳасан Рӯҳонӣ бори нуҳум бо президенти Русия Владимир Путин дидору гуфтушунид карда, дар мулоқот баррасии лоиҳаҳои муштарак лар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт дар назар аст.

Қаблан вазири энергетикаи Русия Александр Новак дар ин робита зикр карда буд, ки дар мавриди боҷҳо дар бораи интиқоли маҳсулоти саноатӣ ба Эрон ва маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия сухан меравад.

Гуфта мешавад, ба ҷуз тиҷорати дуҷониба, Русия ва Эрон ҳамчунин масъалаи амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи саноат ба маблағи умумии 10 млрд. долларро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.