ТАЛКО ва РУСАЛ комилан ба созиш расиданд

КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) ва ширкати муттаҳидаи «Русский алюминий» (РУСАЛ) созишномаи ризоият ба имзо расониданд, ки дар он танзими ихтилофҳо миёни ширкатҳо пешбинӣ гардида, гузашта аз ин, минбаъд онҳо ҳамкории барои тарафайн судманд ва дарозмуҳлат роҳандозӣ карданианд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи ТАЛКО хабар доданд, имзои санади мазкур гувоҳи […]

КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) ва ширкати муттаҳидаи «Русский алюминий» (РУСАЛ) созишномаи ризоият ба имзо расониданд, ки дар он танзими ихтилофҳо миёни ширкатҳо пешбинӣ гардида, гузашта аз ин, минбаъд онҳо ҳамкории барои тарафайн судманд ва дарозмуҳлат роҳандозӣ карданианд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи ТАЛКО хабар доданд, имзои санади мазкур гувоҳи он аст, ки ширкатҳо мустақилона мухолифатҳояшонро бар асоси иродаи нек ва ташаббуси муштарак оид ба ризоияти дуҷониба танзим кардаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо эътироф кардаанд, ки миёни онҳо дигар ҳеҷ гуна баҳси ҳалношуда боқӣ намондааст.

«Созишномаи ризоият ҳуқуқи ҳеҷ кадоме аз тарафҳоро поймол накарда, натиҷаи баргузории гуфтушунидҳо ва асос барои қатъи ҳамаи баҳсҳои судии мавҷуда то замони имзои он аст», – таъкид дошт манбаъ.

Дар ширкати тоҷикистонӣ қайд карданд, ки тавофуқҳои ҳосилшуда миёни тарафҳо дар заминаи даст кашидан аз хароҷоти судии минбаъда ва судманд будани муносибатҳои ояндаи ҳуқуқии тарафҳо шартҳои созишнома мебошанд.

«Ҷонибҳо қотеъона изҳор доштанд, ки ҳамкориҳо миёни ТАЛКО ва РУСАЛ-ро бар асоси барои тарафайн судманд ва дарозмуҳлат ба роҳ мемонанд», – афзуданд дар ТАЛКО, вале аз ифшои ҷузъиёти дигари созишнома худдорӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти расида ба «Азия-Плюс», мувофиқи тавофуқҳои ҳосилшуда байни ширкатҳо, маркази тиҷорати «Созидание» ва меҳмонхонаи Hyatt Regency дар Душанбе, ки ба сохторҳои фаръии РУСАЛ мансубанд, ба ихтиёри ширкати тоҷикистонӣ мегузаранд.

Бино ба маълумоти як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ, ин иншоотҳо 150 млн. доллар нархгузорӣ шуда, ин маблағро ТАЛКО бояд давра ба давра дар муҳлати 10 сол ба суратҳисоби РУСАЛ гузаронад.

Қобили зикр аст, ки баҳси чандинсолаи тиҷоратӣ миёни «Русал» ва «Талко» тирамоҳи соли 2013 ба итмом расида , суди байнулмилалии ҳакамӣ дар Швейтсария ширкати Тоҷикистонро ба пардохти 274,3 млн. доллари ИМА ба сохторҳои Олег Дерипаска уҳдадор намуд.

Суд ба хулоса расид, ки «ТАЛКО» шартҳои созишномаи соли 2003 баимзорасидаро, ки мутобиқи он Hamer Investing Ltd (мансуб ба Rusal) ба ширкати Тоҷикистон ашёи хом таҳвил дода, алюминии ваъдагӣ ба маблағи беш аз 112,7 млн. доллари ИМА-ро нагирифтааст, риоя накардааст. Ба ин маблағ ҳамчунин даромади аздастрафта дар ҳаҷми ҳудуди 147 млн. доллари ИМА ва хароҷоти судӣ ба маблағи 14,5 млн. доллари ИМА низ илова шуд.

Барои иҷрои қарори суд дар ниҳояти кор «Русал» бояд ба Суди олии иқтисодии Тоҷикистон муроҷиат мекард, аммо раҳбарияти ширкати русиягӣ аз ин кор даст кашид, зеро Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати Hamer парванда боз кард, ки дар он зиёни расида ба «Талко» аз ҷониби сохтори Дерипаска дар ҳаҷми 400 млн. доллари ИМА зикр гардида буд.

Моҳи феврали соли 2015  КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) ва ширкати алюминии «Русал»-и Русия оид ба даст кашидан аз даъвоҳои мутақобила тавофуқ ҳосил карда, раҳбарияти ҳарду ширкат созишнома ба имзо расониданд. Аввали соли 2016 ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ ТАЛКО-ро вазифадор кард, ки бо сохторҳои РУСАЛ ба созиш бирасад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.