Эмомалӣ Раҳмон ба размоиши Тоҷикистону Русия назорат мекунад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар машқгоҳи Фахробод ба тамринҳои муштараки низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва Русия назорат мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод, хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистону Русия имрӯз дар машқгоҳҳои Фахробод ва Лоҳур амалиёти нест кардани гурӯҳҳои террористии шартиро, ки ба ҷумҳурӣ аз Афғонистон ворид шудаанд, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар машқгоҳи Фахробод ба тамринҳои муштараки низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва Русия назорат мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар дод, хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистону Русия имрӯз дар машқгоҳҳои Фахробод ва Лоҳур амалиёти нест кардани гурӯҳҳои террористии шартиро, ки ба ҷумҳурӣ аз Афғонистон ворид шудаанд, ба иҷро мерасонанд.

Ҳамчунин дастаҳои таъиноти махсуси Вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон ва Русия амалиёти шартӣ оид ба озод кардани гаравгононро, ки дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон ба асорати террористони байнулмилалӣ афтодаанд, анҷом медиҳанд.

Тамринҳои муштараки фармондеҳӣ ва ситод оид ба идоракунии гурӯҳи муттаҳидаи нерӯҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон рӯзи 27 март дар ҳафт машқгоҳи низомии Тоҷикистон оғоз гардиданд.

Пагоҳ, 30 март марҳилаи ниҳоии машқҳо баргузор мешавад, ки мувофиқи нақшаи ҳамкорӣ миёни Вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон ва Русия амалӣ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.