Истеҳсоли атласу адраси зеботарин дар Тоҷикистон

Чанде қабл зимни сафар ба вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти корхонаи «Атласи Хуҷанд» шинос шуд. Навори видео аз хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон Зимни боздид ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур ҳануз соли 1966 дар масоҳати 7,7 гектар бунёд шуда буд ва аз он замон то имрӯз дар […]

Asia-Plus

Чанде қабл зимни сафар ба вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти корхонаи «Атласи Хуҷанд» шинос шуд.

Навори видео аз хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Зимни боздид ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур ҳануз соли 1966 дар масоҳати 7,7 гектар бунёд шуда буд ва аз он замон то имрӯз дар ин ҷо асосан маҳсулоти абрешимӣ, аз қабили матои атлас истеҳсол карда мешавад.

Ин корхона, ки дар гузашта бозори Тоҷикистон ва минтақаро бо матои хушсифати атлас таъмин мекард, як муддат, яъне то соли 2005 бо иқтидори пуррааш фаъолият надошт ва аз ҳамон сол инҷониб бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат дубора барқарор карда шуда, дар ин ҷо истеҳсоли атласу адрас роҳандозӣ гардид.

Айни замон дар корхонаи «Атласи Хуҷанд» 32 адад дастгоҳи худкори матоъбофӣ насб гардида, бо истифода аз он тавлиди атласу адрас, ки имрӯз талабот ба ин ду навъи матои миллии мардуми тоҷик ҳам дар дохил ва ҳам дар бозори минтақа бештар мебошад, васеъ ба роҳ монда шудааст.

Имрӯз дар корхонаи мазкур беш аз 100 нафар ҷавонон машғули кор буда, зиёда аз 60 намуди атлас ва 30 намуди адрас истеҳсол мешавад, ки аз нигоҳи сифат ва тарҳ ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ мебошанд.

Дар корхонаи «Атласи Хуҷанд» давоми як сол бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда 60 ҳазор метри тӯлонӣ атлас истеҳсол карда мешавад ва агар басти дуюми корӣ роҳандозӣ гардад ин нишондод ба 120 ҳозор метри тӯлонӣ хоҳад расид. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?