Рақибони футзалистони ҷавони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-2017

Asia-Plus

Дар пойтахти Таиланд – шаҳри Бангкок рӯзи 30 март маросими қуръапартоии даври финалии нахустин Чемпионати Осиё оид ба футболи хурд (футзал) миёни футболбозони синни то 20-сола доир гардид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаҳои қуръапартоӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаҳои Ветнам, Япония, Тайбэйи Чин ва Индонезия ба гурӯҳи «В» шомил гардид.

Гуфта мешавад, ҳамагӣ 21 даста ба чор гурӯҳ – 1-тоаш 6 даста ва боқимонда 5-дастагӣ тақсим шуда, аз рӯи натиҷаи бозӣ дар гурӯҳҳо ду даста ба марҳилаи дигар роҳхат мегиранд, ки аз ин дастаҳо ҷуфтҳои чорякфиналӣ ташкил меёбанд. Минбаъд тибқи низоми олимпӣ дастаҳо аз рӯи натиҷаи бозиҳо хориҷ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Чемпионати Осиё-2017 оид ба футболи хурд миёни футболбозони синни то 20-сола аз 16 то 26 май дар Бангкок доир мегардад.

Натиҷаҳои қуръапартоии даври финалии Ҷемпионати Осиё-2017 оид ба футзал миёни ҷавонони синни то 20-сола (U-20):

Гурӯҳи «А»: Таиланд, Ироқ, Малайзия, Бруней, Баҳрайн, Афғонистон.

Гурӯҳи «В»: Ветнам, Япония, Тайбэйи Чин, Тоҷикистон, Индонезия.

Гурӯҳи «С»: Ӯзбекистон, Қатар, Лубнон, Мянма, Гонконг.

Гурӯҳи «D»: Эрон, Қирғизистон, Чин, Муғулистон, Амороти Муттаҳидаи Араб.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...