Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи терминали боркашонии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе доир мегардад. Оғоз соати 09:30;

– Дар Душанбе Вохӯрии минтақавии роҳбарони мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад;

– Дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ балети Минкус «Дон Кихот» намоиш дода мешавад. Оғоз соати 17-00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.2293 сомонӣ;

1 евро – 8.8490 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1448 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1935 – Роҳи мошингарди Душанбе-Ӯротеппа-Ленинобод (феълан Хуҷанд) мавриди истифода қарор гирифт.

1960 – Дар Ҷашнвораи байнулмилалии дуюми кинои кишварҳои Осиё ва Африқо дар шаҳри Қоҳира кинофилми «Тақдири шоир» ба ҷоизаи аввал сазовор гардид.

1975 – Корхонаи алюминии Тоҷикистон (ТадАЗ) – корхонаи бузургтарини металлургияи ранга дар Осиёи Миёна ба истифода дода шуд.

1993 – Роҳбари Фронти халқии Тоҷикистон Сангак Сафаров ва фармондеҳи бригадаи махсуси ВКД ҶТ Файзалӣ Саидов ба ҳалокат расиданд.

2004 – Дар Тоҷикистон тамоми захираҳои минаҳои зидди пиёдагард нобуд карда шуд.

2010 — Механизми толлингии идоракунии зербинои роҳи мошингарди Душанбе – Чанок мавриди амал қарор гирифт.

2013 — Ҳукумати Тоҷикистон иштироки ширкатҳои Total SA-и Фаронса ва China National Petroleum Corporation (CNPC)-и Чин дар корҳои истихроҷи маъдан дар Тоҷикистонро тасдиқ намуд.  

1326 – Зодрӯзи шоири форсу тоҷик Ҳофизи Шерозӣ.

1941 – Мавлуди олим Ҳикмат Сафаров.

1959 – Зодрӯзи журналист Бурҳониддин Каримзода.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар доманакӯҳҳо боришот дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +17+22; дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +7+12.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +20+25; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +16+21.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1+4, рӯзона +6+11; дар шарқ шабона -4-9, рӯзона +2+7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24; дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +9+14. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +21+23.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +20+22.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +23+25.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +4+6.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...