Машқҳои зиддитеррористӣ дар шимоли Тоҷикистон

Asia-Plus

Аз 4 то 7-уми апрели соли 2017 дар машқгоҳи “Чоруқ-Дарон”-и гарнизони Суғд машқҳои муштараки баталионӣ-тактикии зидди террористӣ, бо тирпарронии ҷангӣ доир карда мешаванд.

Тавре сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод, машқҳои муштарак дар асоси нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ, таҳти роҳбарии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, он дар се марҳилла ба таври назариявию амалӣ ташкилу ба роҳ монда мешавад.

 

Дар машқҳои муштараки баталионӣ-тактикии зиддитеррористӣ, ҷузъу томҳои Қӯшунҳои хушкигард ва ҳайати шахсии сохторҳои қудратии мамлакат, ки дар гарнизони Суғд мустақаранд, ширкат намуда, силоҳу муҳимоти мухталифи  оташфишон, авиатсияи ҷангӣ ва техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбиву артиллерӣ ва автомобилӣ  истифода мегарданд.  

Ҳадафи баргузории маҷмӯи машқҳои муштарак сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагони машқҳоро дар ташкили амалиёти бомуваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии мамлакат дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, баланд бардоштани қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қӯшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангии зиддитеррористӣ дар шароити дашту саҳро дар бар мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.