Ҳалокати 44 нафар дар ду ҳамла ба калисоҳои Миср

Радиои Озодӣ

Дар пайи ҳамлаҳои маргбор ба ду калисои қибтӣ дар Миср 44 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, дар таркишҳои рӯзи якшанбеи 9 апрел дар яке аз калисоҳои масеҳиёни қибтӣ дар шаҳри Танто ва дигаре дар шаҳри Искандария, ҳадди ақал 44 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Гуфта мешавад, дар таркиши шаҳри Тантон дар 100-километрии Қоҳира –пойтахти Миср 25 нафар кушта ва ҳудуди 75 тани дигар захмӣ шуданд. Таркиши дувум дар як калисо дар шаҳри Искандария рух дода, шуморе аз афсарони баландпояи пулис кушта шудаанд.

Зикр мегардад, ки масеҳиён 10 дарсади аҳолии Мисрро ташкил медиҳанд. Таркишҳои ахир як ҳафта пеш аз оғози маросими Иди Пок — аз муҳимтарин маросимҳои динии масеҳиён рух дод. Инчуни қарор аст Поп Франсис — раҳбари католикҳои ҷаҳон рӯзҳои 28-29 апрел ба Миср сафар кунад.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки шоми рӯзи гузашта гурӯҳи "Давлати исломӣ" эълом кардааст, ки афроди ин гурӯҳ ин ҳамларо анҷом додаанд.

Раиси ҷумҳури Миср Абдулфаттоҳи Сисӣ дар ин кишвар барои се моҳ вазъияти фавқулодда эълон кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...