МАГАТЭ ба Маркази саратоншиносии Суғд кумак мекунад

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати коршиносони Оҷонсии байналмилалии энергияи атомиро бо роҳбарии ҳамоҳангсози барномаҳои МАГАТЭ дар Тоҷикистон хонум Сандра Стейс ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар мулоқот масъалаи ҳамкориҳои вилоят бо ин ташкилот дар самти азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгадонии Маркази саратоншиносии вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд гуфт, ки сохтмони бинои нави шӯъбаи нурафкании Маркази саратоншинсии вилоят соли 2014 бо маблаггузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳаҷми беш аз 2,5 миллион сомонӣ оғоз гардида, то имрӯз корҳои асосии сохтмонӣ дар иншооти мазкур ба анҷом расонида шудаанд. Ҳамзамон ҷиҳати тақвияти пояи моддию техникии марказ аз буҷети вилоятӣ таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ харидорӣ гардидаанд ва бино барои воридоту насби дастгоҳи нурафкании “ТЕРАБАЛТ” омода карда шудааст, ки ин кор дар ҳамдастӣ бо ташкилоти МАГАТЭ амалӣ мегардад ва маблағи он 400 ҳазор евроро  ташкил медиҳад. 

Дар ин замина ҳадафи ташрифи намояндагони МАГАТЭ ба вилоят  ин мукаммалгардонии фаъолияти Маркази саратоншиносии вилоят, бахусус шӯъбаи нурафкании он буда, дар ин боздид масъалаи харидорӣ ва дастрас намудани томографи компютерӣ ва дастгоҳи нурафкании “ТЕРАБАЛТ” баррасӣ мешавад.

Дар ҷараёни сӯҳбат Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон масъалаи омодосозии мутахассисони ҷавони вилоят ва таҷрибаомӯзии онҳоро дар марказҳои пешрафтаи саратоншиносии дунё ҷиҳати такмили донишҳои тиббӣ ва кор бо таҷҳизоти замонавӣ пешниход намуд, ки ин иқдом аз ҷониби ҳайати коршиносони МАГАТЭ бо қаноатмандӣ пазируфта шуд. Айни ҳол ду нафар мутахассиси нуршиноси Маркази саратоншиносии вилоят барои омӯзиши фаъолияти таҷҳизоти нурафканӣ ва муолиҷаи нурӣ дар Донишгоҳи миллии тиббии шаҳри Каунаси Ҷумҳурии Литва ва як нафар дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия кор бо дастгоҳи мазкурро омӯхта, дорои сертификат гардидаанд.

Ҳайати намояндагони МАГАТЭ зимни вохӯрӣ инчунин доир ба иқдомҳои дигари пешгирии хатарҳои радиатсионӣ дар вилоят, аз ҷумла рӯйпӯшкунии партовгоҳи минтақаи Деҳмой аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маълумот гирифтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...