Террористи эҳтимолӣ нияти хонасозиву издивоҷ доштааст

Asia-Plus

Гумонбар ба амали террористӣ дар метрои Санкт-Петербург Акбарҷон Ҷалилов як моҳ пеш ба хешовандонаш дар бораи ниятҳои сохтани хона, комилан ба Қирғизистон баргаштан ва издивоҷ кардан ҳарф задааст.

Аҳрор Ҷалилови 17-сола, додари Акбарҷони 22-сола дар суҳбат бо хабарнигори РБК гуфтааст, бародараш аз соли 2011 дар Русия кор карда, бори охир моҳи феврали соли 2017 ба Ош омадааст.

«Ӯ 10-15 рӯз назди мо ҳузур дошт, мехост, ки истироҳат карда, сипас ба кор баргардад, – иброз доштааст Аҳрор. – Вақте назди мо буд, ба ҷое ҳам намебаромад ва дар компютер бо бозиҳои гуногун машғул шуда, ба мошинҳо таваҷҷуҳ дошт».

Дар оилаи Ҷалиловҳо гуфтаанд, манзили ҳозираи Акбар дар микрорайони Ан Адир воқеъ буда, ба хона пешинаашон дар маҳаллаи Тӯрон, ки хешовандонашон зиндагӣ мекардаанд, ӯ нарафтааст ва аз ин рӯ, наметавон гуфт, ки ин сафари ӯ хайрухуш бо наздикону хешовандон пеш аз марг аст.

«Акбар намоз намехонд, ба намози ҷумъа намерафт. Моҳи феврал аз замони омаданаш ягон маротиба ба масҷид нарафт, ман мушоҳида накардаам, ки дар рафтори ӯ чизе тағйир ёфта бошад», – ба хотир овардааст додараш. – Дар хона ҳам ҳеҷ адабиёти шубҳаноке надидаам ва дар компетри Акбар ҳам чизе ёфт нашуд».

Холаҳои ӯ Сурайё ва Эркиной, роҳбари синфи мактабиаш Фотима Қодирҷонова низ гуфтаанд, ки Акбарҷон ҳеҷ гоҳ ба дин майл надошт ва бачаи орому ботамкин буда, давомоти таҳсилаш миёна буд.

Гуфта мешавад, оилаи Ҷалиловҳо бовар надоранд, ки маргталабиро ихтиёр намудан тасмими худи Акбар аст. Онҳо бар ин назаранд, ки ӯро фиреб дода, маҷбур кардаанд, ки сумкаро ба дасташ гирад ва сипас ба тарзи фосилавӣ (аз ҷойи дигар бо пахши тугма ё занги телефонӣ) бомбаро тарконидаанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...