Се тоҷик барои қатли директори корхонаи бахши мудофиаи Русия маҳкум шуданд

Дар вилояти Перми Русия оид ба парвандаи пурсарусадои қатли мудири тиҷоратӣ (топ-менеҷер)-и корхонаи бахши мудофиаи Русия – ҶП «Кирас» Юрий Чубаев ҳукм содир шуд. Нашрияи «Коммерсант» дар ин робита менависад, мақомоти тафтишоту суд муайян кардаанд, ки ба ин ҷиноят бо мақсади тамаъҷӯӣ се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – Юсуф ва Зоҳир Умаровҳо ва Саид Қаландарзода даст […]

Asia-Plus

Дар вилояти Перми Русия оид ба парвандаи пурсарусадои қатли мудири тиҷоратӣ (топ-менеҷер)-и корхонаи бахши мудофиаи Русия – ҶП «Кирас» Юрий Чубаев ҳукм содир шуд.

Нашрияи «Коммерсант» дар ин робита менависад, мақомоти тафтишоту суд муайян кардаанд, ки ба ин ҷиноят бо мақсади тамаъҷӯӣ се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – Юсуф ва Зоҳир Умаровҳо ва Саид Қаландарзода даст зада, онҳо ба муҳлатҳои аз 18 то 21 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли гузашта ҷасади Чубаев дар шаҳраки Троитск, дар манзилгоҳаш дарёфт шуд. Дар ҷасад аломатҳои зиёди осори зарби корд ошкор гардида, аз хона 350 ҳазор рубл ва дигар чизҳои арзишманд дуздида шуда буданд.

Гуфта мешавад, ба Юсуф Умаров – 21 сол, Саид Қаландарзода – 19 сол ва Зоҳир Умаров – 18 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо таъин шуда, ғайр аз ин, ҳар кадоме аз маҳкумшудагон ба пардохти 4 млн. рубл ҷубронпулии маънавӣ ба духтари ҳалокшуда, маблағи пулҳои дуздидашуда ва арзиши хизматгузориҳои адвокатҳо уҳдадор шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.