Нахустин намоиш-ярмаркаи маҳсулоти Ӯзбекистон дар Душанбе

Нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи маҳслоти саноатии корхонаҳои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон рӯзҳои 17-21 апрел дар маркази савдои «Пойтахт-90»-и шаҳри Душанбе доир мегардад. Тавре аз дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур аз ҷониби Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ширкати «Узэспоцентр»-и Ӯзбекистон, инчунин бо дастгирии расмии ҳукуматҳои кишварҳо ва Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи маҳслоти саноатии корхонаҳои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон рӯзҳои 17-21 апрел дар маркази савдои «Пойтахт-90»-и шаҳри Душанбе доир мегардад.

Тавре аз дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур аз ҷониби Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ширкати «Узэспоцентр»-и Ӯзбекистон, инчунин бо дастгирии расмии ҳукуматҳои кишварҳо ва Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, сармоягузорӣ ва савдои кишвари ҳамсоя созмон дода мешавад.

Дар намоиш-ярмарка маҷмӯи васеи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти корхонаҳои мошинсозӣ, индустрияи кимиё, саноати сабук, дорусозӣ, корхонаҳои истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, маводи ғизойӣ, масолеҳи сохтмон, техникаи кишоварзӣ,таҷҳизоти маишӣ, сарулибоси махсус ва ғайра ба маърази тамошо гузошта хоҳанд шуд, ки ба тамоми меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни кори намоиш соҳибкорони тоҷик имкон пайдо мекунанд, ки бо маҳсулоти гуногуни корхонаҳои кишвари ҳамсоя аз наздик шинос шуда, бевосита аз намояндагони ширкатҳо доир ба самтҳои истифодаи онҳо машваратҳои судманд гиранд ва ҳамчунин баҳри рушди тиҷорати худ маҳсулоти дилхоҳ интихоб намоянд.

Ҳадафи асосии чорабинӣ рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ бар асоси баробарӣ ва манфиати тарафайн, таъсиси корхонаҳои муштарак, дарёфти шарикон, ҷалби сармояву технологияҳои муосир, афзоиши ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба, ноил гардидан ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардуми ҳарду кишвар ва ғайра унвон шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.