Дастоварди Комроншоҳи Устопириён дар Туркия баъди муҷозот

Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки то соли 2019 аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои дохили Тоҷикистон маҳрум шуд, дар нахустин мусобиқаи байнулмилалӣ баъди муҷозоташ ба дастоварди назаррас ноил гардид. Дар мусобиқаи байналмилалии дзюдои “Grand-Prix Antalya 2017”, ки рӯзҳои 7-9 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия доир гардид, дар вазни то 90 кило ӯ зинаи дуюмро касб […]

Asia-Plus

Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён, ки то соли 2019 аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои дохили Тоҷикистон маҳрум шуд, дар нахустин мусобиқаи байнулмилалӣ баъди муҷозоташ ба дастоварди назаррас ноил гардид.

Дар мусобиқаи байналмилалии дзюдои “Grand-Prix Antalya 2017”, ки рӯзҳои 7-9 апрел дар шаҳри Анталияи Туркия доир гардид, дар вазни то 90 кило ӯ зинаи дуюмро касб карда, медаи нуқра ба даст овард.

Ӯ дар қувваозмоиҳо бар рақибонаш аз Туркия, Кореяи Ҷанубӣ ва Русия дастболо шуда, дар рақобати ниҳоӣ аз варзишгари Муғулистон шикаст хӯрд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Хайёмиддин Ҷабборов (вазни то 73 кило) як ғалаба ба даст оварда, қувваозмоиро бар гуштигири соҳибони майдон бохт. Саидҷалол Саидов (вазни то 100 кило) аз даври аввал озод ва дар қувваозмоии даври дуюм аз намояндаи Русия шикаст хӯрд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.