Маҳви 1 пешвои толибон ва 14 ҷангӣ дар Афғонистон

Яке аз пешвоёни ҳаракати тундгарои «Толибон», муовини волии пасипардагии толибон дар Қундузи Афғонистон ва 14 ҷангии ҳаракат дар ҷараёни амалиёти махсус дар минтақаи шимолу шарқии Афғонистон кушта шуданд. Хабаргузории Интерфакс бо истинод ба Пажвок дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки сухангӯи Вазорати мудофиаи Афғониситон Давлат Вазирӣ гуфтааст, аз 14 нафар ҷангиёни кушташуда 8 нафарашон шаҳрвандони […]

Наим Халимов

Яке аз пешвоёни ҳаракати тундгарои «Толибон», муовини волии пасипардагии толибон дар Қундузи Афғонистон ва 14 ҷангии ҳаракат дар ҷараёни амалиёти махсус дар минтақаи шимолу шарқии Афғонистон кушта шуданд.

Хабаргузории Интерфакс бо истинод ба Пажвок дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки сухангӯи Вазорати мудофиаи Афғониситон Давлат Вазирӣ гуфтааст, аз 14 нафар ҷангиёни кушташуда 8 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Бино ба маълумоти Афганистан.ру, дар музофоти Кундуз бар асари ҳамлаи ҳавоӣ тибқи маълумоти гуногун аз 13 то 24 нафар ҷангии ҳаракати Толибон кушта шуда, амалиёти воҳидҳои артиши милии Афғонистон дар вулусволии Дашти Арчии ҳамммарз бо Тоҷикистон сурат гирифтааст ва гурӯҳи ҷангиён дар қаламрави деҳаи Мулоқулӣ маҳв шудаанд.

Гуфта мешавад, миёни кушташудагон фармондеҳони воломақоми толибон, аз ҷумла муовини пасипардагии волии музофот, маъруф бо номи мулло Асадулло ҳузур дорад. Хабаргузории Пажвок иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни ҳамлаи ҳавоӣ якчанд нафар ҷангиёни хориҷӣ низ кушта шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.