Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаи 5 сафири навро қабул кард

Asia-Plus

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 5 сафири нав эътимоднома қабул намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Гул Залмай Юнусӣ, Давлати Кувайт Нассар Абдулраҳмон Алмутаирӣ, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Локу Кетагодаге Ҷаянатҳ Чандрасири Перера, Ҷумҳурии Мали Тиефинг Конате ва Ҷумҳурии Кот-д,Ивуар Бернар Тано-Бучуе эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим намуданд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик карда, изҳор дошт, ки меҳвари сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистонро усули «дарҳои кушода» ташкил медиҳад ва мо дар чаҳорчубаи ин усул ва бо риояи ҳусни тафоҳум, эҳтироми ҳамдигар ва баробарӣ ба хотири пешбурди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо ҳамаи кишварҳои дӯсту хайрхоҳ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешем.

Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди муносибатҳо ва робитаҳои гуногунҷанба бо кулли кишварҳои ҳамҷавор, давлатҳои ҳавзаи Халиҷ, Осиё ва қитъаи Африка андешаронӣ карда, таъкид дошт, ки дар даврони муосир кишварҳои мо манфиатҳои зиёди амалан муштарак доранд.

Изҳори умед карда шуд, ки сафирони нави ин давлатҳо ба хотири рушду тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи байни кишварҳо бо фаъолияти сермасъули дипломатӣ ба ин раванд мусоидат хоҳанд кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...