Поинравии қурби сомонӣ ба афзоиши босуръати нархҳо боис гардид

Зери фишор болои қурби арзи миллӣ – сомонӣ раванди таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон пурзӯр гардид. Нарху тарифҳо дар моҳи март 1,5% афзуданд. Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, сатҳи таваррум дар моҳи январ 0,5%-ро ташкил дода, моҳи феврал то 1,1% боло рафт. Ҳамин тариқ семоҳаи аввали соли равон мизони таваррум дар бахши истеъмолии кишвар […]

Зери фишор болои қурби арзи миллӣ – сомонӣ раванди таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон пурзӯр гардид. Нарху тарифҳо дар моҳи март 1,5% афзуданд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, сатҳи таваррум дар моҳи январ 0,5%-ро ташкил дода, моҳи феврал то 1,1% боло рафт. Ҳамин тариқ семоҳаи аввали соли равон мизони таваррум дар бахши истеъмолии кишвар аллакай ба 3,1% расид ва ин ҳам дар ҳолест, ки семоҳаи аввали соли гузашта нарху тарифҳо ба андозаи 2,1% ва аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 ба миқдори 6,1% афзуданд.

Дар ҳамин ҳол, сатҳи таварруми солона – аз моҳи марти соли 2016 то моҳи марти соли 2017 ба 7,3% баробар шуда, ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 5,6%-ро ташкил дода буд.

Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Нуриддин Қаюмов дар ин робита қайд кард, ки поинравии қурби пули миллӣ ба сатҳи некӯаҳволии аҳолии ҷумҳурӣ таъсир мерасонад.

«Ба ҷуз маҳсулоти кишоварзӣ, дигар қариб ҳама гуна навъи маҳсулоти аз хориҷи кишвар воридгардида қимат мешавад, – мегӯяд ӯ. – Савдогарон ҳатто нархи маҳсулоти дар дохили кишвар истеҳсолшударо боло мебаранд, зеро дар шароити афзоиши сартосарии нархи маҳсулоту хизматрасониҳо, онҳо бояд ҳаёти рӯзмарраи худро таъмин намоянд».

Дар шарҳи масъала номбурда гуфт, масалан агар аз фурӯшандаи картошка сабаби боло бурдани нархи маҳсулотошро бипурсӣ, ки ӯ онро дар хориҷи кишвар бо асъори дигар нахаридааст, ҳатман посух медиҳад, ки дар рафи савдои паҳлӯяш арзиши орду пойафзол ва чой низ зиёд шудааст, яъне ӯ ба қимат кардани маҳсулоташ маҷбур аст, то ки бо маблағи бадастоврада зиндагии оилаашро таъмин созад.

Қобили зикр аст, ки аз оғози сол қурби пули миллӣ дар бозор нисбати доллар ба андозаи 13,8% ва нисбати рубл – 19,3% поин рафт. Имрӯз ҳам қурби сомонӣ нисбати доллар коҳиш ёфта, 9,2 сомонӣ барои 1 долларро ташкил дод.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.