Сафорат: боздоштшуда Содиқ Ортиқов шаҳрванди Тоҷикистон аст

Сафорати Тоҷикистон дар Русия маълумоти шаҳрванди Тоҷикистон будани боздоштшуда ба гумони даст доштан дар амали террористӣ дар метрои Петербург Содиқ Ортиқовро тасдиқ намуд. Сухангӯи сафоарт Сарвар Бахтӣ ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки Содиқ Ортиқови 39-сола дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шуда, 15 соли охир дар Русия ба ҳайси ошпаз кор мекардааст. «Маълумоти дигаре дар бораи ӯ […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Русия маълумоти шаҳрванди Тоҷикистон будани боздоштшуда ба гумони даст доштан дар амали террористӣ дар метрои Петербург Содиқ Ортиқовро тасдиқ намуд.

Сухангӯи сафоарт Сарвар Бахтӣ ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки Содиқ Ортиқови 39-сола дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шуда, 15 соли охир дар Русия ба ҳайси ошпаз кор мекардааст.

«Маълумоти дигаре дар бораи ӯ мо дар даст надорем, – гуфт ӯ. – Даст доштан дар амали террористӣ ё бегуноҳии ӯ дар ҷараёни тафтишот маълум шуда, айни замон мо ӯро гунаҳкор гуфта наметавонем».

Гуфта мешавад, дар манзили Ортиқов дар шаҳри Маскав муфаттишон таппончаи Макаров ва ду маводи тарканда дарёфт карда, зимни мурофиаи судӣ оид ба ҳабсаш Ортиқов изҳор намудааст, ки аслиҳа ва мавод ба ӯ тааллуқ надошта, ӯ дар ин ҷиноят даст надорад.

Муфаттиш аз суд дархост намудааст, ки Ортиқов ба муҳлати 1 моҳу 27 рӯз ба ҳабс гирифта шавад. Ӯ дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) қарор дорад.

Қаблан зикр гардида буд, ки аз рӯи далели таркиш дар метро ҳашт нафар – Сайфулло Ҳакимов, Иброҳимҷон Ёрматов, Дилмурод Муҳиддинов, Баҳром Эргашев, Аъзамҷон Маҳмудов, Муҳамадюсуф Мирзоолимов, Шоиста Каримова ва Содиқ Ортиқов боздошт шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари амали террористии рӯзи 3 апрел дар метрои шаҳри Санкт-Петербург 14 нафар ҳалок ва беш аз 40 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.