Ҷаримаи мансабдорон барои пинҳон доштани шаҳрвандии кишварҳои дигар

Тибқи тағйирот ба Кодекси “Ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ”, шахсони ба вазифаҳои давлатӣ пешбаришуда барои пинҳон доштани шаҳрвандии худ муҷозот хоҳанд шуд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо истинод ба дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар ҷаласаи Шӯрои парлумон лоиҳаи қонуни “Ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Кодексиҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” баррасӣ шуд ва дар ин санад банди наве дар […]

Радиои Озодӣ

Тибқи тағйирот ба Кодекси “Ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ”, шахсони ба вазифаҳои давлатӣ пешбаришуда барои пинҳон доштани шаҳрвандии худ муҷозот хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо истинод ба дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар ҷаласаи Шӯрои парлумон лоиҳаи қонуни “Ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Кодексиҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” баррасӣ шуд ва дар ин санад банди наве дар мавриди таъйини ҷазо барои чунин ашхос ворид гардидааст.

Гуфта мешавад, ба моддаи 501-и Кодекси “Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” моддаи нави “Пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар” илова шудааст, ки тибқи он, афроди муҷрим ба миқдори аз 20 то 30 нишондиҳанда (аз 1000 то 1500 сомонӣ) ҷарима хоҳанд шуд.

Бар пояи санадҳои ҳуқуқӣ, ки соли гузашта аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тасвиб шуд, сокинони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии кишвари дигарро доранд, аз ҳаққи таъйин шудан ба вазифаҳои давлатӣ маҳрум шуданд. Интизор меравад, ки ин тарҳ рӯзи 12 апрел дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон баррасӣ шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.