ВАО: террористи эҳтимолӣ дар Петербург аз Туркия истирдод шудааст

Asia-Plus

Акбарҷон Ҷалилов, ки дар содир намудани амали террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербург гумонбар дониста мешавад, моҳи декабри соли 2016 аз Туркия истирдод шудааст. Дар ин бора газетаи туркии Yeni Akit хабар медиҳад.

Нашрияи «Коммерсант» дар ин робита менависад, Ҷалилов моҳи ноябри соли 2015 ба Туркия рафта, дар он ҷо ба рӯйхати сиёҳ шомил гардидааст, вале баъди он ҳам боз як сол дар ин кишвар ғайриқонунӣ ҳузур доштааст.

Манбаи ба ҳукумати Туркия наздики РБК ин маълумотро тасдиқ намуда, изҳор доштааст, ки моҳи декабри соли 2016 Ҷалилов тариқи Анталия кишварро тарк карданӣ шуда, вале маълум шудааст, ки муҳлати будубоши ӯ кайҳо гузаштааст.

«Ба ӯ ҷаримаи зиёд ё истирдод бо шомил гардидан ба рӯйхати сиёҳ ва манъи сафар ба кишвар ба муҳлати 5 сол пешниҳод гардида, Ҷалилов варианти дуюмро интихоб кард, – иброз доштааст манбаъ. – Барои бозгашт ба Русия, ӯ маҷбур шуд, ки ба консулгарии генералии Русия дар Туркия муроҷиат кунад».

Дар консулгарии генералии Русия дар Туркия ин маълумотро алҳол шарҳу тавзеҳ надодаанд.

Қаблан зикр гардида буд, ки аз рӯи далели таркиш дар метро ҳашт нафар – Сайфулло Ҳакимов, Иброҳимҷон Ёрматов, Дилмурод Муҳиддинов, Баҳром Эргашев, Аъзамҷон Маҳмудов, Муҳамадюсуф Мирзоолимов, Шоиста Каримова ва Содиқ Ортиқов боздошт шудаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия маълумоти шаҳрванди Тоҷикистон будани яке аз боздоштшудагон ба гумони даст доштан дар амали террористӣ дар метрои Петербург Содиқ Ортиқовро тасдиқ намуд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари амали террористии рӯзи 3 апрел дар метрои шаҳри Санкт-Петербург 14 нафар ҳалок ва беш аз 40 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.