Сомонӣ нисбати доллар дар як шабонарӯз 2,2% беқурб шуд

Қурби расмии пули милии Тоҷикистон нисбати доллари ИМА аз 9 сомонӣ боло рафт. Имрӯз, 11 апрел қурби фурӯши доллари ИМА дар марказҳои мубодилаи асъор 9,02 сомонӣ зикр шуда, ҳанӯз дирӯз он ба 8,82 сомонӣ баробар буд. Ҳамин тариқ, сомонӣ дар зарфи як шабонарӯз 2,2% беқурб шуд. Гузашта аз ин, харидории доллар ҳатто бо ҳамин қурб […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қурби расмии пули милии Тоҷикистон нисбати доллари ИМА аз 9 сомонӣ боло рафт.

Имрӯз, 11 апрел қурби фурӯши доллари ИМА дар марказҳои мубодилаи асъор 9,02 сомонӣ зикр шуда, ҳанӯз дирӯз он ба 8,82 сомонӣ баробар буд. Ҳамин тариқ, сомонӣ дар зарфи як шабонарӯз 2,2% беқурб шуд.

Гузашта аз ин, харидории доллар ҳатто бо ҳамин қурб қариб ғайриимкон аст: аксари бонкҳо надоштани асъори хориҷии нақдро баҳона оварда, баъзеи дигар (бонкҳо бо сармояи хориҷӣ) ба як нафар танҳо 200 долларро мефурӯшанд.

Дар ин ҳолат дар бозори асъор ба истилоҳ «бозори сиёҳ» арзи вуҷуд кардааст, ки дар он тибқи баъзе маълумот, долларро метавон ба миқдори номаҳдуд аз рӯи қурби хеле баланд (аз 9,5 сомонӣ ва зиёдтар аз он барои 1 доллар) харидорӣ намуд.

Дар ҳамин ҳол, Бонки милии Тоҷикистон итминон медиҳад, ки вазъи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии қурби пули миллӣ зери мушоҳида ва назорати доимӣ қарор дошта, барои ба эътидол овардани ҳолати бозори нақдии хариду фурӯши доллари ИМА ва таъмини муътадилии тағйирёбии қурби пули миллӣ, тамоми чораҳои зарурӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалӣ карда мешаванд.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки дар Буҷети давлатии соли 2017-и Тоҷикистон қурби расмии арзи миллӣ нисбати доллар – 9,16 сомонӣ зикр шудааст. Қурби расмии ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллӣ муқаррамешуда барои имрӯз 8,44 сомонӣ (барои 1 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.