Ҷалби вазорат ва ҳукумати вилоятҳо ба корҳои азнавсозиву ободонии пойтахт

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои азнавсозӣ ва ободонии боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, майдонҳои варзишӣ ва бозии кӯдакони маҳаллаҳои шаҳри Душанбе шинос шуданд. Нахуст Сарвазири мамлакат ва Раиси шаҳри Душанбе бо лоиҳаи азнавсозии Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Айнӣ"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ мароқ зоҳир карданд. Лоиҳаи анзнавсозии боғи мазкур аз ҷониби  […]

Дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои азнавсозӣ ва ободонии боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, майдонҳои варзишӣ ва бозии кӯдакони маҳаллаҳои шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Нахуст Сарвазири мамлакат ва Раиси шаҳри Душанбе бо лоиҳаи азнавсозии Муассисаи давлатии Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Айнӣ"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ мароқ зоҳир карданд. Лоиҳаи анзнавсозии боғи мазкур аз ҷониби  ҶДММ "Суғдшаҳрофар" ва сохтмончиёни 5 ширкати вилояти Суғд амалӣ мешавад.

Тибқи тарҳи нав дар боғи ба номи Айнӣ иншооти ҷадид,  аз қабили даромадгоҳ, истгоҳи нақлиётӣ, амфитеатр, бинои маъмурӣ, таҷдиди ҳайкалҳои Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров, ду шипанг ба андозаи 12 бар 12 метр ва дигар иншооти фарҳангиву фароғатӣ пешбинӣ шудааст.

Зимни шиносоӣ ва боздид аз маҳали ободонӣ Сарвазири мамлакат таваҷҷуҳи сохтмончиёнро ба анҷоми корҳои босифат, истифодаи  масолеҳи хушсифати сохтмонӣ, бунёди роҳраву гулгаштҳои замонавӣ, истифодаи таҷҳизоти муосири рӯшноидиҳанда ҷалб кард.

Дар самти бунёди амфитеатр пешниҳод гардид, ки тарҳи он бояд аз дигар чунин  иншооти шаҳр ба куллӣ фарқ дошта бошад ва барои 1200 ҷойи нишаст тарҳрезӣ шавад. Яке аз вазифаҳои асосӣ дар таҷдиди иншоот бунёди майдончаҳо барои кӯдакон маънидод гардид.   

Мувофиқи нақша – чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт бунёди 78 майдонҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҷониби вазорату идораҳо ва соҳибкорони алоҳида  бунёд мегарданд. Сарвазири мамлакат   бо ҷараёни бунёди майдони варзишӣ ва бозии кӯдакон дар ҳудуди хонаҳои хиёбони Рӯдакӣ – 96 ва кӯчаи Маҳмадулло Холов – 4, ки бо ибтикори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ сохта мешавад, аз наздик шинос шуданд. Зимни боздид ба масъалаи истифодаи самараноки ҳамаи унсурҳои бинокорӣ ва ҳар чӣ хубтар истифода бурдани масолеҳи хушсифат аҳамияти ҷиддӣ дода шуд.

Кормандони Палатаи ҳисоби  Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасмим гирифтаанд, ки дар ободонии маҳаллаи 11, кӯчаи Шерализода, назди биноҳои истиқоматии 14 ва 16-и ноҳияи Сино саҳмгузор бошанд. Дар ин маҳалла дар масоҳати умумии 3675 метри мураббаъ корҳои сохтмонӣ ва ободонии майдони варзишӣ, аз ҷумла барои волейболу баскетбол ва футбол, майдонҳо барои  кӯдакон ва машқкунӣ ва дигар иншоот ба накша гирифта шудааст. Масъулин изҳори итминон намуданд, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин иншооти варзишӣ – истироҳатиро барои истифода омода месозанд.

Сарвазири мамлакат ва Раиси шаҳр, ҳамчунин аз маҳалли бунёди майдони варзишӣ ва бозии кӯдакон, воқеъ дар маҳаллаи 23, кӯчаи Мушфиқӣ назди бинои истиқоматии рақами 79-и ноҳияи Фирдавсӣ, ки корҳои ободониву бунёдии онро Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда гирифтааст, дидан намуданд. Масоҳати умумии майдончаи варзишӣ 750 метри мураббаъ буда, арзиши сохтмон беш аз 450 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Зимнан бояд ёдовар шуд, ки Кумитаи андоз дар шаҳри Душанбе бунёди 5 адад чунин майдонҳои варзишӣ ва бозии кӯдаконро ба зимма гирифтааст.

Дар бунёди майдончаҳои варзишии шаҳри Душанбе Кормандони Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ низ саҳми намоёни худро мегузоранд. Бо ибтикори кормандони Агентӣ  дар маҳаллаи бинои 76-и  кӯчаи Неъмат Қарабоев бунёди маҷмааи варзишӣ-истироҳатӣ ҷараён дорад.

Дар  сохтмони иншоот бо истифода аз таҷҳизоти муосири шаҳрсозӣ шаклу усулҳои нави сохтмонӣ ва унсурҳои миллӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҷараёни боздид аз маҳаллҳои ободониву бунёдкорӣ таваҷҷуҳи бештар ба масъалаи истифодаи масолеҳи ба шароити иқлими маҳал мутобиқ ва таҷҳизоти варзишиву истироҳатии ҳозиразамон дахл карда шуд.

Азнавсозӣ ва таҷдиди Муассисаи давлатии Боғи "Дӯстии халқҳо"-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо дар масоҳати 24 гектар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба зимма гирифтааст. Хар як минтақаи сохтмонии чорбоғ ба шаҳру ноҳияҳои алоҳида вобаста карда шудаанд.  Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи азнавсозӣ ва ободкории  чорбоғ Сарвазири мамлакат таваҷҷуҳи лоиҳакашон ва масъулини корҳои бунёдкориро бо назардошти ҷойгиршавии маҳалли иншоот ва шумораи аҳолӣ дар азнавсозии он ҷалб кард.

Таъкид гардид, ки Боғи "Дӯстии халқҳо", яке аз марказҳои калони фарҳангӣ-фароғатии шаҳр ба шумор меравад ва аз ин лиҳоз зимни азнавсозӣ бояд ба бунёди роҳравҳои замонавӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ба гармову сармо тобовар, чароғонкунии дохил ва атрофи боғ диққати ҷиддӣ дода шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.