Суруди президенти Туркманистон гимни Бозиҳои V Осиё

Суруди президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов дар озмуни интихоби гимн барои Бозиҳои V Осиё ғолиб дониста шуд. Бозиҳои V Осиё моҳи сентябри соли 2017 дар Ашқобод баргузор мешаванд. Хабаргузории «Гундогар» дар ин робита менависад, ин озмун бо ташаббуси худи Бердмиҳаммедов эълон шуда, дар консерти бахшида ба конгресси «Азиада-2017» рӯзи 7 апрел якчанд сурудҳои нав барои ин […]

Asia-Plus

Суруди президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов дар озмуни интихоби гимн барои Бозиҳои V Осиё ғолиб дониста шуд. Бозиҳои V Осиё моҳи сентябри соли 2017 дар Ашқобод баргузор мешаванд.

Хабаргузории «Гундогар» дар ин робита менависад, ин озмун бо ташаббуси худи Бердмиҳаммедов эълон шуда, дар консерти бахшида ба конгресси «Азиада-2017» рӯзи 7 апрел якчанд сурудҳои нав барои ин озмун садо додаанд.

Сипас Бердимуҳаммедов ногаҳон ба саҳна баромада, пешниҳод мекунад, ки ба сифати суруди асосии Бозиҳои V Осиё суруди худаш «Ба пеш, ба пеш, танҳо ба пеш кишвари азизам Туркманистон!» низ баррасӣ шавад ва ин сурудро мехонад.

Бино ба маълумоти «Фергана», дар Маркази давлатии фарҳанги Туркманистон рӯзи 9 апрел зимни натиҷагирӣ аз озмун дар машварат бо иштироки намояндагони ҳукумат ва ходимони намоёни аҳли фарҳанг, суруд ва оҳанги сарвари давлат якдилона дастгирӣ ёфтааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи ноябри соли 2015 суруд ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил шуда, бо сарвари президент «онро дар як вақт ҳамроҳ» беш аз 4 ҳазор нафар сароиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.