ВАО: террористи эҳтимолӣ дар Петербург аз Туркия истирдод шудааст

Акбарҷон Ҷалилов, ки дар содир намудани амали террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербург гумонбар дониста мешавад, моҳи декабри соли 2016 аз Туркия истирдод шудааст. Дар ин бора газетаи туркии Yeni Akit хабар медиҳад. Нашрияи «Коммерсант» дар ин робита менависад, Ҷалилов моҳи ноябри соли 2015 ба Туркия рафта, дар он ҷо ба рӯйхати сиёҳ шомил гардидааст, вале […]

Asia-Plus

Акбарҷон Ҷалилов, ки дар содир намудани амали террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербург гумонбар дониста мешавад, моҳи декабри соли 2016 аз Туркия истирдод шудааст. Дар ин бора газетаи туркии Yeni Akit хабар медиҳад.

Нашрияи «Коммерсант» дар ин робита менависад, Ҷалилов моҳи ноябри соли 2015 ба Туркия рафта, дар он ҷо ба рӯйхати сиёҳ шомил гардидааст, вале баъди он ҳам боз як сол дар ин кишвар ғайриқонунӣ ҳузур доштааст.

Манбаи ба ҳукумати Туркия наздики РБК ин маълумотро тасдиқ намуда, изҳор доштааст, ки моҳи декабри соли 2016 Ҷалилов тариқи Анталия кишварро тарк карданӣ шуда, вале маълум шудааст, ки муҳлати будубоши ӯ кайҳо гузаштааст.

«Ба ӯ ҷаримаи зиёд ё истирдод бо шомил гардидан ба рӯйхати сиёҳ ва манъи сафар ба кишвар ба муҳлати 5 сол пешниҳод гардида, Ҷалилов варианти дуюмро интихоб кард, – иброз доштааст манбаъ. – Барои бозгашт ба Русия, ӯ маҷбур шуд, ки ба консулгарии генералии Русия дар Туркия муроҷиат кунад».

Дар консулгарии генералии Русия дар Туркия ин маълумотро алҳол шарҳу тавзеҳ надодаанд.

Қаблан зикр гардида буд, ки аз рӯи далели таркиш дар метро ҳашт нафар – Сайфулло Ҳакимов, Иброҳимҷон Ёрматов, Дилмурод Муҳиддинов, Баҳром Эргашев, Аъзамҷон Маҳмудов, Муҳамадюсуф Мирзоолимов, Шоиста Каримова ва Содиқ Ортиқов боздошт шудаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия маълумоти шаҳрванди Тоҷикистон будани яке аз боздоштшудагон ба гумони даст доштан дар амали террористӣ дар метрои Петербург Содиқ Ортиқовро тасдиқ намуд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари амали террористии рӯзи 3 апрел дар метрои шаҳри Санкт-Петербург 14 нафар ҳалок ва беш аз 40 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.