Анҷоми гуфтушунидҳои алоқаи ҳавоӣ бо Русия ва хомӯшии Вазорати нақлиёт

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Пас аз гуфтушунидҳои серӯза бо мақомоти авиатсионии Русия оид ба баҳси алоқаи ҳавоӣ ҳайати Тоҷикистон ба Душанбе баргашт.

Гуфтушунидҳо рӯзи душанбе, 10 апрел оғоз гардида, баррасии масъалаи мувофиқасозии парвози ҳавопаймоҳои ширкати русиягии «Ямал» ба Тоҷикистон ва дар ин робита маҳрум шудани ширкати «Сомон Эйр» аз 7 парвоз ба Маскав дар меҳвари гуфтушунид қарор дошт.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон, муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода аз шарҳи натиҷаҳои гуфтушунид ба «Азия-Плюс» худдорӣ варзид ва изҳор намуд, ки баъдтар дар сомонаи Вазорати нақлиёт доир ба ин масъала маълумот нашр хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи Вазорати нақлиёти Русия низ дар бораи гуфтушунидҳо ҳеҷ маълумоте нашр нашудааст.

Қаблан аз Вазорати нақлиёт хабар дода буданд, ки Тоҷикистон ба ҷониби Русия огоҳинома фиристода, дар он зикр гардида буд, ки агар Вазорати нақлиёти ин кишвар маҳдудиятҳои парвоз нисбати ширкати «Сомон Эйр»-ро бекор накунад, парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Уралские авиалинии» ва «UTair»-ро аз Маскав ба Душанбе аз 6 апрел манъ мекунад, вале ин кор алҳол амалӣ нашуд. Зикр гардида буд, ки ба сифати посух 4 парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Уралские авиалинии» ба Душанбе ва 3 парвози ширкати «ЮТэйр» ба Хуҷанд манъ мешавад.

Сипас Вазорати нақлиёти Тоҷикистон изҳор намуд, ки алҳол аз манъи парвози ҳавопаймоҳои ду ширкати русиягӣ аз Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд худдорӣ варзида, идораҳои нақлиёти ҳарду кишвар тавофуқ ҳосил кардаанд, ки лаҳзаҳои баҳснокро сари мизи гуфтушунид ҳал мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...