Сайругашти паланг дар маркази савдои Хабаровск

Ба яке аз марказҳои савдои шаҳри Хабаровски Русия паланг ворид шудааст. Навори видеоиро дар шабака посбонони марказ гузашта, қобили таваҷҷуҳ аст, ки онҳо аз ин ҳайвони ваҳшӣ наҳаросида, ҳангоми ба толор даромадан ва назди лифт рафтани паланг ба наворбардорӣ идома додаанд. Мақомоти пулиси шаҳри Хабаровск аз рӯи далели ба маркази савдо ворид шудани паланги дар […]

Ба яке аз марказҳои савдои шаҳри Хабаровски Русия паланг ворид шудааст. Навори видеоиро дар шабака посбонони марказ гузашта, қобили таваҷҷуҳ аст, ки онҳо аз ин ҳайвони ваҳшӣ наҳаросида, ҳангоми ба толор даромадан ва назди лифт рафтани паланг ба наворбардорӣ идома додаанд.

Мақомоти пулиси шаҳри Хабаровск аз рӯи далели ба маркази савдо ворид шудани паланги дар навори видео сабтшуда санҷиш мегузаронад.

Хабаргузории «Газета.ру» менависад, дар робита ба ҳодисаи мазкур мақомоти интизомӣ молики бино ва ҳамчунин намояндагони сиркеро, ки бо сафари ҳунарӣ дар ин шаҳр қарор доранд, бозпурсӣ хоҳад кард.

Дар маъмурияти маркази савдо ин навори видео бо палангро алҳол ба ҳеҷ гунае шарҳ намедиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.