Анҷоми гуфтушунидҳои алоқаи ҳавоӣ бо Русия ва хомӯшии Вазорати нақлиёт

Пас аз гуфтушунидҳои серӯза бо мақомоти авиатсионии Русия оид ба баҳси алоқаи ҳавоӣ ҳайати Тоҷикистон ба Душанбе баргашт. Гуфтушунидҳо рӯзи душанбе, 10 апрел оғоз гардида, баррасии масъалаи мувофиқасозии парвози ҳавопаймоҳои ширкати русиягии «Ямал» ба Тоҷикистон ва дар ин робита маҳрум шудани ширкати «Сомон Эйр» аз 7 парвоз ба Маскав дар меҳвари гуфтушунид қарор дошт. Роҳбари […]

Пас аз гуфтушунидҳои серӯза бо мақомоти авиатсионии Русия оид ба баҳси алоқаи ҳавоӣ ҳайати Тоҷикистон ба Душанбе баргашт.

Гуфтушунидҳо рӯзи душанбе, 10 апрел оғоз гардида, баррасии масъалаи мувофиқасозии парвози ҳавопаймоҳои ширкати русиягии «Ямал» ба Тоҷикистон ва дар ин робита маҳрум шудани ширкати «Сомон Эйр» аз 7 парвоз ба Маскав дар меҳвари гуфтушунид қарор дошт.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон, муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода аз шарҳи натиҷаҳои гуфтушунид ба «Азия-Плюс» худдорӣ варзид ва изҳор намуд, ки баъдтар дар сомонаи Вазорати нақлиёт доир ба ин масъала маълумот нашр хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи Вазорати нақлиёти Русия низ дар бораи гуфтушунидҳо ҳеҷ маълумоте нашр нашудааст.

Қаблан аз Вазорати нақлиёт хабар дода буданд, ки Тоҷикистон ба ҷониби Русия огоҳинома фиристода, дар он зикр гардида буд, ки агар Вазорати нақлиёти ин кишвар маҳдудиятҳои парвоз нисбати ширкати «Сомон Эйр»-ро бекор накунад, парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Уралские авиалинии» ва «UTair»-ро аз Маскав ба Душанбе аз 6 апрел манъ мекунад, вале ин кор алҳол амалӣ нашуд. Зикр гардида буд, ки ба сифати посух 4 парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Уралские авиалинии» ба Душанбе ва 3 парвози ширкати «ЮТэйр» ба Хуҷанд манъ мешавад.

Сипас Вазорати нақлиёти Тоҷикистон изҳор намуд, ки алҳол аз манъи парвози ҳавопаймоҳои ду ширкати русиягӣ аз Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд худдорӣ варзида, идораҳои нақлиёти ҳарду кишвар тавофуқ ҳосил кардаанд, ки лаҳзаҳои баҳснокро сари мизи гуфтушунид ҳал мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.