Туҳфаҳо барои дӯстон ба Екатеринбург: 65 тоқӣ, 50 рӯймол ва 2 корд

Кормандони хадамоти гумруки фурудгоҳи «Колсово»-и шаҳри Екатеринбург аз як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Душанбе омада буд, 65 тоқӣ, 50 рӯймоли занона ва 2 кордро мусодира намуданд. Бино ба маълумоти ВАО-и маҳаллӣ, нисбати боздоштшуда оид ба қонуншиканиии маъмурӣ бо далели ба расмият надаровардани бор таъинот содир шудааст. Марде, ки ин борро бидуни зикр дар эъломия интиқол […]

Кормандони хадамоти гумруки фурудгоҳи «Колсово»-и шаҳри Екатеринбург аз як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Душанбе омада буд, 65 тоқӣ, 50 рӯймоли занона ва 2 кордро мусодира намуданд.

Бино ба маълумоти ВАО-и маҳаллӣ, нисбати боздоштшуда оид ба қонуншиканиии маъмурӣ бо далели ба расмият надаровардани бор таъинот содир шудааст.

Марде, ки ин борро бидуни зикр дар эъломия интиқол додааст, қайд кардааст, ки ҳамаи ин бор туҳфа барои дӯстони муқими шаҳри Екатеринбург буда, ӯ аз тартибу қоидаҳои гумрук хуб огаҳӣ надоштааст.

Гуфта мешавад, ба ҷуз 69 сарпӯши мардонаи миллӣ ва 50 рӯймоли гуногунранг, аз сокини Тоҷикистон ҳамчунин 2 корд низ мусодира шуда, ҳамаи бор барои ташхис фиристода шудааст. Нисбати боздоштшуда санади маъмурӣ тартиб дода шуда, ӯро ҷарима ва мусодираи бор интизор аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.