Беш аз 1,2 млрд. доллар ММД Тоҷикистон дар семоҳаи аввал

Asia-Plus

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон ҳудуди 10,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки бо қурби ҳозира ба зиёда аз 1,2 млрд. доллар баробар буда, нисбат ба нархҳои қиёсии нишондиҳандаҳои соли 2016 – 6,5% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД бахши савдо (ба ин бахш таъмири автомобилҳо, асбобҳои маишӣ ва лавозимоти гигиенаи шахсӣ, меҳмонхона ва тарабхонаҳо шомиланд) афзалият дорад, ки 21,4%-ро ташкил медиҳад.

Ҳудуди 19,7%-и сохтори ММД бо шумули энергетика ба соҳаи саноат рост омада, соҳаи кишоварзии маъмулан афзалиятдошта дар сохтори ММД Тоҷикистон (бо шумули шикор, хоҷагии ҷангал, моҳидорӣ ва моҳипарварӣ) алҳол ба 5,4% баробар аст, зеро мавсими киштукор  ҳоло нав оғоз шуд.

Нақлиёт, алоқа, хоҷагии анбор дар сохтори ММД дар семоҳаи аввал 15,1% ва ҳиссаи андозҳо – 12,8%-ро ташкил додаанд.

Соли 2017 афзоиши ҳаҷми ММД дар ҳаҷми 58 млрд. 910 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 9,4% зиёдтар аст.

Соли 2016 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон зиёда аз 53 миллиарду 828 миллион сомониро ташкил дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...