Беш аз 1,2 млрд. доллар ММД Тоҷикистон дар семоҳаи аввал

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон ҳудуди 10,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки бо қурби ҳозира ба зиёда аз 1,2 млрд. доллар баробар буда, нисбат ба нархҳои қиёсии нишондиҳандаҳои соли 2016 – 6,5% зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД бахши савдо (ба ин […]

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон ҳудуди 10,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки бо қурби ҳозира ба зиёда аз 1,2 млрд. доллар баробар буда, нисбат ба нархҳои қиёсии нишондиҳандаҳои соли 2016 – 6,5% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД бахши савдо (ба ин бахш таъмири автомобилҳо, асбобҳои маишӣ ва лавозимоти гигиенаи шахсӣ, меҳмонхона ва тарабхонаҳо шомиланд) афзалият дорад, ки 21,4%-ро ташкил медиҳад.

Ҳудуди 19,7%-и сохтори ММД бо шумули энергетика ба соҳаи саноат рост омада, соҳаи кишоварзии маъмулан афзалиятдошта дар сохтори ММД Тоҷикистон (бо шумули шикор, хоҷагии ҷангал, моҳидорӣ ва моҳипарварӣ) алҳол ба 5,4% баробар аст, зеро мавсими киштукор  ҳоло нав оғоз шуд.

Нақлиёт, алоқа, хоҷагии анбор дар сохтори ММД дар семоҳаи аввал 15,1% ва ҳиссаи андозҳо – 12,8%-ро ташкил додаанд.

Соли 2017 афзоиши ҳаҷми ММД дар ҳаҷми 58 млрд. 910 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 9,4% зиёдтар аст.

Соли 2016 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон зиёда аз 53 миллиарду 828 миллион сомониро ташкил дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.