Эҳтимоли аз шаҳрвандии Бритониё маҳрум шудани ҳамсари Башор Асад

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Аъзои порлумони Бритониё аз ҳукумати ин кишвар хостанд, то шаҳрвандии ҳамсари президенти Сурия Башор Асад бекор шавад. Порлумон гуфтааст, дар посух ба пуштибонии ҳамсари Башор Асад аз сиёсатҳои ҳукумати шавҳараш ин тасмим рӯи даст гирифта шавад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Том Брейк, узви порлумон аз Ҳизби либерал-демократии Бритониё Асмо Асад, ҳамсари Башор Асадро бо он айбдор кардааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо истифода аз насабаш "низоми ваҳшиёна"-и Сурияро ҳимоят мекунад. Асмо Асад, бонкдори пешин соли 2000-ум ҳамсари Башор Асад шуд. Вай дар Лондон дар хонаводаи зодагони Сурия ба дунё омадааст.

"Агар Асмо аз хунрезиҳои режими Асад пуштибониашро идома диҳад, ҳукумати Бритониё маҷбур мешавад, шаҳрвандии ӯро бекор кунад ва ё исбот намояд, ки амалҳои Асмо ба манфиатҳои асосии Бритониё зарари ҷиддӣ намерасонанд", – гуфтааст Брейк.

Гуфта мешавад, Асмо Асади 41-сола дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо истифода аз ному насаби воқеияш мухолифони ҳукумати шавҳарашро танқид мекунад. Брейк гуфтааст, бо ирсоли мактуби расмӣ аз вазорати корҳои дохилии Бритониё дархост мекунад, ки шаҳравндии Асмо бекор шавад. Аммо оё ин ниҳод ҳаққи бекор кардани шаҳрвадии Асморо дорад ё не, дақиқ нест.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...