Пирӯзии намояндагони Эфиопия ва Қирғизистон дар ниммарафони Душанбе

Asia-Plus

Дар Ниммарафони VIII байнулмилалии Душанбе, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда ба муносибати Рӯзи пойтахт доир гардид, миёни мардон намояндаи Эфиопия Ҷирма Теляхум ва байни замон намояндаи Қирғизистон – Виктория Полудня ғолиб омаданд.

Ниммарафон соати 09:00 аз боғи «Наврӯзгоҳ» (ипподром) шурӯъ шуда, иштирокчиёни мусобиқа тариқи гузаргоҳи Чорбоғ дар қисмати шимолии пойтахт масофаи беш аз 21 километрро тай карда, дар майдони Дӯстӣ, назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ масофаро ба анҷом расониданд.

Миёни мардон бо вақти 1 соату 4 дақиқаву 59 сония варзишгари эфиопӣ Ҷирма Теляхум ва байни замон бо нишондиҳандаи 1 соату 13 дақиқаву 19 сония варзишгарзан аз Қирғизистон Виктория Полудня аввалин шуда ба марра расиданд.

Зинаҳои дигарро байни мардон: 2 – Мания Тамоел Вайтака (Кения); 3 – Адилет Китакбеков (Қирғизистон); 4 – Михаил Красивов (Қазоқистон); 5 – Андрей Петров (Ӯзбекистон) ва 6 – Муҳаммадҷавод Сайёдӣ (Эрон) ишғол намуданд.

Байни занон зинаи 2-юмро – Юлия Шматенко (Украина); 3 – Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон); 4 – Марина Хмелевская (Ӯзбекистон); 5 – Энджиджи Пуалайн (Кения) ва мақоми 6-умро Гулҷанта Ҷанатбек (Қазоқистон) касб карданд.

Ба ғолибон, зинаҳои аз 1 то 6-ум байни ҳам мардону ҳам занон мукофотпулиҳои зерин тақдим карда шуданд: ҷойи 1-ум – 28 ҳазору 700 сомонӣ; зинаи 2-юм – 24 ҳазору 600 сомонӣ;, мақоми 3-юм – 20 ҳазору 500 сомонӣ; ҷойи 4-ум – 16 ҳазору 400 сомонӣ; зинаи 5-ум – 14 ҳазору 760 сомонӣ ва мақоми 6-ум – 12 ҳазору 300 сомонӣ.

Ниммарафони байнулмилалӣ ҳамасола дар ҷашни Рӯзи пойтахт гузаронида мешавад. Имсол дар робита ба баргузории ниммарафон аз фонди раиси шаҳр 316 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 38 ҳазор доллар) маблағ ҷудо карда шуд.

Нахустин Ниммарафони байнулмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба масофаи 21 км 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва ҳамчунин марафончиёни беҳтарини кишвар моҳи апрели соли 2010 баргузор шуда буд.

Соли гузашта дар ниммарафони байнулмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон варзишгари кениягӣ Кибого Вилсон ва Даря Маслова аз Қирғизистон ғолибият ба даст оварда буданд, ки масофаи беш аз 21 километрро дар муддати 1,5 соат тай карда буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.