Рустами Эмомалӣ беҳтарин нозири минтақавии милитсияро қадрдонӣ кард

Бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» дар пойтахт натиҷагирӣ шуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, Муҳаммадӣ Неъматов, корманди ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур, беҳтарин нозири минтақавии милитсия дар шаҳри Душанбе эътироф гардид. Зинаи дуюмро Фарҳод Эшмаҳмедов, нозири минтақавӣ дар ШВКД ноҳияи Сино ва мақоми сеюмро Муқимҷон Юсупов, […]

Asia-Plus

Бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол» дар пойтахт натиҷагирӣ шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, Муҳаммадӣ Неъматов, корманди ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур, беҳтарин нозири минтақавии милитсия дар шаҳри Душанбе эътироф гардид.

Зинаи дуюмро Фарҳод Эшмаҳмедов, нозири минтақавӣ дар ШВКД ноҳияи Сино ва мақоми сеюмро Муқимҷон Юсупов, сарнозири ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ишғол намуданд.

Ғолиби озмун бо 15 ҳазор сомонӣ, ва кормандони милитсияи зинаҳои дуюму сеюмро ишғолкарда мутаносибан бо 12 ва 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

Маросими тақдими шаҳодатнома ва мукофтпулиҳо дар Рӯзи пойтахт доир гардид, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда ботантана ҷашн гирифта шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.