Оғози намоиш-ярмаркаи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон дар Душанбе

Нахустин намоиш-ярмаркаи маҳсулоти саноатии 160 корхонаҳои Ӯзбекистон имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ мекунад. Чорабинии мазкур аз ҷониби Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ширкати «Узэспоцентр»-и Ӯзбекистон, инчунин бо дастгирии расмии ҳукуматҳои кишварҳо ва Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, сармоягузорӣ ва савдои кишвари ҳамсоя созмон дода мешавад. Дар намоиш-ярмарка маҷмӯи васеи маҳсулоти саноатӣ, аз […]

Asia-Plus

Нахустин намоиш-ярмаркаи маҳсулоти саноатии 160 корхонаҳои Ӯзбекистон имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ мекунад.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ширкати «Узэспоцентр»-и Ӯзбекистон, инчунин бо дастгирии расмии ҳукуматҳои кишварҳо ва Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, сармоягузорӣ ва савдои кишвари ҳамсоя созмон дода мешавад.

Дар намоиш-ярмарка маҷмӯи васеи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти корхонаҳои мошинсозӣ, индустрияи кимиё, саноати сабук, дорусозӣ, корхонаҳои истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, маводи ғизойӣ, масолеҳи сохтмон, техникаи кишоварзӣ,таҷҳизоти маишӣ, сарулибоси махсус ва ғайра ба маърази тамошо гузошта хоҳанд шуд, ки ба тамоми меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Кори намоиш-ярмарка то 21 апрел идома ёфта, санаи 19 апрел дар ҳошияи он баргузории вохӯрии доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар дар назар аст, ки дар он аз иштироки беш аз 100 нафар соҳибкорону тоҷирон аз ҳарду ҷониб интизорӣ меравад.

Қобили зикр аст, ки соли 2016 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон қариб 6 маротиба афзуда, ҳудуди 70 млн. долларро ташкил дод. Дар ҳаҷми умумии муомилот наздики 36 млн. доллар ба содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва қариб 34 млн. доллар ба воридоти маҳсулот аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон рост меояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.