Ҳалокати беш аз 40 нафар дар Эрон бар асари обхезӣ

Боришоти зиёди пайдарпай дар Эрон ба обхезии бузург боис гардидааст, ки бар асар он 41 нафар ҳалок ва боз 22 нафар бедарак шудаанд. Хабаргузории Лента.ру бо такя ба маълумоти Isna аз қавли роҳбари Ташкилоти ҳолатҳои фавқулодаи Эрон Исмоил Наҷар менависад, ин офати табиӣ дар минтақаи шимолу ғарби Эрон рух дода, сатҳи оби рӯдхонаҳое, ки ба […]

Asia-Plus

Боришоти зиёди пайдарпай дар Эрон ба обхезии бузург боис гардидааст, ки бар асар он 41 нафар ҳалок ва боз 22 нафар бедарак шудаанд.

Хабаргузории Лента.ру бо такя ба маълумоти Isna аз қавли роҳбари Ташкилоти ҳолатҳои фавқулодаи Эрон Исмоил Наҷар менависад, ин офати табиӣ дар минтақаи шимолу ғарби Эрон рух дода, сатҳи оби рӯдхонаҳое, ки ба кӯли Урмия мерезанд, хеле зиёд боло рафта, пулҳову иншооти коммуникатсиониро тахриб ва ба воситаҳои нақлиёт зарар расонидааст.

Гуфта мешавад, дар вилояти Озарбойҷони Шарқӣ аз обхезӣ шаҳрҳои Озаршаҳр ва Аҷабшир ва боз чор маҳаллаи аҳолинишин дар чор вилоят – Озарбойҷони Ғарбӣ, Курдистон, Ардабил ва Зинҷон хисороти зиёд бардоштаанд.

Дар макони аз офат осебдида реҷаи ҳолати фавқулода эълон шуда, наҷотбахшону табибон ба ин мавзеъ сафарбар шудаанд ва ба корҳои ҷустуҷӯи афроди бедаракшуда пардохтаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки боришоти зиёд бо шамоли сахт дар минтақаи шимолу ғарби Эрон аз субҳи 14 апрел оғоз шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.