Шароитҳои мусоид барои рушди туризм дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки таҷҳизот ва масолеҳи сохтмоне, ки барои иншооти сайёҳӣ (туризм) ба ҷумҳурӣ ворид мегарданд, аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда шаванд. Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ворид намудани тағйироту иловаҳои дахлдор ба Кодекси гумруки ҶТ дар ин самт баррасӣ шуданд. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато […]

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки таҷҳизот ва масолеҳи сохтмоне, ки барои иншооти сайёҳӣ (туризм) ба ҷумҳурӣ ворид мегарданд, аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда шаванд.

Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ворид намудани тағйироту иловаҳои дахлдор ба Кодекси гумруки ҶТ дар ин самт баррасӣ шуданд.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ин робита ба моддаи 345-и Кодекси гумруки ҷумҳурӣ банди нави 13-ум илова шудааст.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода қайд кард, ки мутобиқи ин банд, воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ) аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Рӯйхати иншооти сайёҳӣ, номгӯй ва миқдори таҷҳизоту маводи сохтмонии воридшаванда аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Дар ҳукумат бар ин назаранд, ки ин сабукиҳои пешбинишуда барои соҳибкорони машғули кор дар бахши сайёҳӣ ба рушди ин соҳа дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунанд.

Баррасии тағйироту иловаҳои мазкур ба Кодекси гумруки ҶТ дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон рӯзи 19 апрел дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи Кодекси гумруки ҶТ, аз пардохти боҷи гумрукӣ воридоти молу маҳсулоти зерин озоданд:

1) воридоти пули миллӣ ва (ё) асъори хориҷӣ (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматӣ), инчунин коғазҳои қиматнок;

2) воридоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Хазинаи давлатии сарватҳо;

3) воридоти моле, ки ройгон ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, воридоти мол ба сифати кумаки башардӯстона, воридоти моле, ки ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба мақсади рафъи оқибати офатҳои табиӣ, садама ва фалокатҳо ройгон дода мешавад;

4) воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснӯоти такмилии (комплектии) онҳо, ки маҷмӯи ягонаи технологиро ташкил медиҳанд. Номгӯи техникаи таъиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилӣ ба он мутобиқи номгӯи моли фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;

5) воридоти дорувории тиббӣ, таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва асбобҳои тиббӣ мувофиқи номгӯи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6) воридоти моле, ки барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағои созишномаҳои грантӣ (қарзӣ) амалӣ мешаванд;

7) воридоти мол барои сохтмони объектҳои махсусан муҳим, ки номгӯи онҳоро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

 8) воридоти мол барои иҷрои корҳо, ки барномаҳои корӣ ва сметаҳои хароҷот тибқи тартиби муқаррарнамудаи созишнома оид ба тақсими маҳсулот, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот" тасдиқ гардидаанд. Дар сурати ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил шудани (ба истиснои содирот) моли мазкур боҷҳои гумрукӣ мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд. Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки тибқи пешниҳоди онҳо воридоти мол аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешавад, аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;

9) воридоти мол (ба истиснои моли зераксизӣ) тибқи номгӯй ва ҳаҷми муайянкардаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита истеҳсолкунандагон барои истеҳсоли алюминийи аввалия анҷом медиҳанд;

10) воридоти нахи пахта ва алюминийи аввалия;

11) воридоти маҳсулоти махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон мувофиқи номгӯе, ки аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;

12) воридоти техникаи ҳарбӣ, агрегатҳои асосӣ, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва дастгоҳҳои парвозкунандаи таъиноти мудофиавидошта, инчунин қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо.

Қобили зикр аст, ки дар рейтинги Форуми ҷаҳонӣ оид ба рақобатпазирӣ дар бахши туризм Тоҷикистон 12 зина мавқеашро беҳтар карда, миёни 136 кишвари ҷаҳон мақоми 107-ум (рейтинги пешин – 119-ум)-ро касб кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.