Намоиши маҳсулоти Ӯзбекистон дар Душанбе: фурӯш дар рӯзи охир

Нахустин намоиш-ярмаркаи маҳсулоти саноатии 160 корхонаҳои Ӯзбекистон имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ кард. Намоиш то 20 апрел идома ёфта, ҳамон рӯзи охир маҳсулоти дар он пешниҳодгардида фурӯхта мешавад. Алҳол аксари онҳо барои харидорон дастнорасанд. Ба гуфтаи фурӯшандагон, гап сари он аст, ки маҳсулот ба миқдори маҳдуд оварда шуда, соҳибкоронро лозим аст, ки аввал […]

Asia-Plus

Нахустин намоиш-ярмаркаи маҳсулоти саноатии 160 корхонаҳои Ӯзбекистон имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ кард.

Намоиш то 20 апрел идома ёфта, ҳамон рӯзи охир маҳсулоти дар он пешниҳодгардида фурӯхта мешавад. Алҳол аксари онҳо барои харидорон дастнорасанд.

Ба гуфтаи фурӯшандагон, гап сари он аст, ки маҳсулот ба миқдори маҳдуд оварда шуда, соҳибкоронро лозим аст, ки аввал шарикони тиҷоратии худ дар Тоҷикистонро пайдо кунанд ва сипас маҳсулоти худро фурӯшанд. Ба ҳар ҳол, баъзе маҳсулотро аз имрӯз ҳам харидан имкон дорад.

Дар маросими ифтитоҳи намоиш раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Файзидин Саттор изҳор намуд, ки ин чорабинӣ натиҷаи талоши сарони ҳарду кишвар аст, ки ҳадаф аз он таҳкими муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва афзоиши ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба аст.

«Боиси хушнудист, ки ахиран муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷоратӣ миёни кишварҳо дар ҳоли рушд қарор дошта, дар муқоиса бо соли 2015 танҳо дар соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 5,7 баробар афзуд ва аллакай беш аз 69,2 млн. долларо ташкил дод», – гуфт ӯ.

Дар навбати худ сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов қайд кард, ки ин намоиш таҷассумгари оғози марҳилаи нави муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон буда, бори нахуст ҳайати иборат аз 400 нафари ин кишвар барои ба тоҷикистониён пешкаш кардани маҳсулоти замони соҳибистиқлолӣ истеҳсолкардааш ба Тоҷикистон омадааст.

«Шумо бо қисмати начандон зиёди маҳсулоте, ки дар Ӯзбекистон истеҳсол мешавад, шинос мешавед ва эътимод ҳосил хоҳед кард, ки тамоми маҳсулоти дар саросари ҷаҳон истеҳсолмешударо мо метавонем истеҳсол кунем ва шояд бо сифати беҳтар», – зикр кард сафири кишвари ҳамсоя.

Раиси раёсати ширкати «Узэспосентр»-и Ӯзбекистон Иброҳим Эргашев зикр кард, ки дар доираи кори намоиш ҳамоиши тиҷоратӣ ва семинарҳо баргузор мегарданд, ки дар онҳо зиёда аз 500 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратии ҳарду ҷониб иштирок мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.