Оғози баррасии қазияи куштори духтари 17-сола дар шаҳри Турсунзода

Хабаргузории «Озодагон»

Додгоҳи Олии Тоҷикистон марги Нозима.И, сокини 17-солаи шаҳри Турсунзодаро, ки дар қатлаш ду ҳамдеҳаи ӯ муттаҳам мешаванд, ба баррасӣ гирифт.

Бино ба маълумоти хабаргузории «Озодагон», дар нахустин мурофиа, ки рӯзи 17-уми апрел сурат гирифт, наздикони марҳум, муттаҳамон дар қатли ӯ ва ташхисгари судӣ, ки қаблан гуфт, Нозима худкушӣ кардааст, баромад намуданд.

Нодира Маҳмудова, модари Нозима дар ҳошияи мурофиа ба хабарнигорон гуфт, 2 рӯз қабл аз марг духтараш ба ӯ изҳор доштааст, ки Абдулқосим Норматов, сокини 18-солаи шаҳри Турсунзода ба номусаш дастдарозӣ кардааст: “Вақте духтарам ба ман гуфт, ки ӯро Абдулқосим таҷовуз кардааст, гуфтам, ки ба ӯ гӯяд падару модарашро ба хостгорӣ фиристад. Зеро ман наметавонам ин ҳодисаро ба падару бобояш гӯям”.

Аммо айбдоркунандаи давлатӣ иддаои наздикони марҳумро дар мурофиа рад карда, гуфт, “дар даст ду ташхиси тиббӣ дорад ва духтарашон бокира ба хок супурда шудааст”.

Айбдоркунанда афзуд, судшаванда Абдулқосим Норматов, сокини ҷамоати Сешанбеи деҳаи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода ба гуноҳи худ иқрор шудааст ва иброз доштааст, ки ӯ Нозимаро ба хотири таҳдидҳояш ба қатл расонидааст: “Вақтҳои охир духтар мегуфтааст, ки агар ӯро нагирад дар байни мардум шармандааш мекунад ва мегӯяд, ки ба номусаш дастдарозӣ кардааст”.

Судшавандаи дигар Раҳимҷон Комилов, ҳамсинфи Абдулқосим зимни мурофиа гуфт, ҳамсинфаш барои куштани Нозима чанд бор аз ӯ кумак хостааст: “Рӯзи 2 феврал буд, шабона бо мошини падари Абдулқосим ба хонаи бибии Нозима омада, ӯро аз хона бо ҳар баҳона дӯстам фиреб карда баровард. Аз роҳ 9 литр бензин харидорӣ кардем. Вақте ба ҷои ҳодиса расидем, як ҷои хилват буд. Абдулқосим гуфт, ки дуртар истам. Ман аз мошин фаромада, каме дур рафтам, ӯ бошад духтарро бо корд зада, сипас аз мошин бароварда, оташ зад. Абдулқосим гуфта буд, ки Нозима зиёд таҳдидаш мекунад ва бояд ӯро тарсонад. Ман фикр намекардам, ки кор то ин ҷо мерасад”.

Пас аз ин ҳодиса Абдулқосим ҳамсинфи худ Раҳимҷонро то хонаашон оварда, ба хонаи худ баргаштааст. Ба падараш, ки дар мошин корди олудаи хун ёфтааст, изҳор доштааст, ки нафаре аз ҳамроҳонаш дасташро буридаст.

Мирзомиддин Мирзораҳим, мудири шуъбаи ташхиси судӣ-тиббии шаҳри Турсунзода, ки дар додани хулосаи бардурӯғ муттаҳам мешавад, дар додгоҳ иқрор кард, ки аввал ташхиси тиббиро нодуруст хулосабарорӣ карда, гуфтааст, духтар худкушӣ кардааст: “Ман таҷрибаи 35-солаи корӣ дорам, вале бори аввал аст, ки хато карда, худро гунаҳкор медонам. Аз дохили меъдаи духтар 150-200 грамм бензин пайдо шуд ва фикр кардам, ки ӯ худкушӣ кардааст. Маълум аст, ки инро дар ҳоли зинда буданаш ба ҳалқаш рехтаанд, зеро мурда наметавонад бензинро фурӯ барад”.

Мирзомиддин Мирзораҳим, дар шарҳи хулосаи нодурусташ гуфт, қисме аз ҷасадро ҳайвону паррандаҳо канда буданд: “Ҳамон ҷойҳое, ки корд зада буданд, ман фикр кардам, ки онро ҳайвону паррандаҳо канда бурдаанд”.

Нодира Маҳмудова, модари Нозима Исомиддинова мегӯяд, пас аз 10 рӯзи қазия аз Душанбе коршиносон омада, дар пайи ташхиси дубора муайян кардаанд, ки “дар асл Нозима худкушӣ накарда, балки ӯро бо 14 зарби корд захмӣ карда, баъдан оташ задаанд”.

Мурофиаи навбатии қатли Нозима, ки 2 феврали соли равон рух дод, 19-уми апрел таъин шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...