Узри «Сомон Эйр» аз мусофирон барои эҷоди нороҳатӣ

Дар таърихи 14 апрел, пеш аз парвози ҳавопаймои Боинг 737-900 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар самти Душанбе-Хуҷанд дудолудшавии дохили ҳавопаймо зоҳир гардид. Дар изҳороти расмии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ин робита гуфта мшавад, сабаби дудолудшавӣ воситаи шустушӯй гаштааст, ки ҳангоми иҷрои корҳои нақшавӣ, дар ҳолати қабл аз парвоз тоза кардани муҳаррик истифода шуда буд. […]

Изҳороти расмӣ

Дар таърихи 14 апрел, пеш аз парвози ҳавопаймои Боинг 737-900 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар самти Душанбе-Хуҷанд дудолудшавии дохили ҳавопаймо зоҳир гардид.

Дар изҳороти расмии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ин робита гуфта мшавад, сабаби дудолудшавӣ воситаи шустушӯй гаштааст, ки ҳангоми иҷрои корҳои нақшавӣ, дар ҳолати қабл аз парвоз тоза кардани муҳаррик истифода шуда буд.

«Дар доираи гузаронидани тафтишот муайян гашт, ки омехтаи боқимондаи маҳсулоти тозакунӣ тавассути муҳаррик ба системаи гарму хунуккунии ҳавои дохили ҳавопаймо ворид гаштааст, ки боиси дудолудшавӣ ва бӯй дар дохили ҳавопаймо ва кабинаи ҳавонавардон шуд», – омадааст дар изҳорот.

Қайд мешавад, ки дар натиҷа сарҳавонаварди ҳавопаймо мувофиқи дастурамал қарори дахлдор қабул кард ба таваққуфгоҳ баргардад ва фавран оиди ин ҳодиса гурӯҳи роҳбаладонро огоҳ намуд. Роҳбаладон дар навбати худ мувофиқи дастурамал бо мусофирон корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода, эълон карданд, ки ҳавопаймо ба таваққуфгоҳ бармегардад.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамаи мусофирон чанд соат пас тавассути дигар ҳавопаймои ширкат ба Хуҷанд интиқол дода шуданд. Ҳайати парвозии ширкати ҳавопаймоӣ корҳоро мувофиқи стандартҳои пешбинишуда иҷро карданд. Ҳайати техникии ширкат, ҳавопаймои Боинг 737-900-ро тафтиш намуда, дуд ва бӯйро ошкор накарданд. Ҳавопаймо рӯзи дигар парвозро идома дод.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои эҷод кардани нороҳатӣ аз мусофирони хатсайри Душанбе-Хуҷанд (14 апрел) узр пурсида, барои ҳамдигарфаҳмӣ миннатдории худро иброз медорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.