Боздошти созмондеҳи амали террористӣ дар метрои Петербург

Хадамоти федералии амнияти Русия созмондеҳи амали террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербургро дар вилояти Маскав боздошт намудааст, ки  аз ӯ зодаи минтақаи Осиёи Марказӣ Аброр Азимов ном бурда мешавад. Тибқи фарзияи мақомоти тафтишот, ӯ террористи маргталаб Акбарҷон Ҷалиловро омода кардааст. «Айни замон Аброр Азимов ҷиҳати анҷоми амалҳои тафтишотӣ ба Кумитаи тафтишоти Русия оварда шудааст», – қайд […]

Хадамоти федералии амнияти Русия созмондеҳи амали террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербургро дар вилояти Маскав боздошт намудааст, ки  аз ӯ зодаи минтақаи Осиёи Марказӣ Аброр Азимов ном бурда мешавад. Тибқи фарзияи мақомоти тафтишот, ӯ террористи маргталаб Акбарҷон Ҷалиловро омода кардааст.

«Айни замон Аброр Азимов ҷиҳати анҷоми амалҳои тафтишотӣ ба Кумитаи тафтишоти Русия оварда шудааст», – қайд мешавад дар маълумоти Хадамоти федералии амният.

Таъкид мешавад, ки Азимов соли 1990 таваллуд шуда, зодаи Осиёи Марказӣ аст. Дар навори видеои аз ҷониби хадамот сабтшуда боздошти Азимов ва мусодираи таппонча аз ӯ дида мешавад.

Қаблан роҳбари Хадамоти федералии амнияти Русия Александр Бортников изҳор дошта буд, ки муҳоҷирони корие, ки аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Русия меоянд, асоси гурӯҳҳои террористии дар ин кишвар амалдоштаро ташкил мекунанд.

Нимаи рӯзи 3 апрел дар вагони қатораи метрои Петербург таркиш рух дода, бар асари он бо шумули террористи маргталаб 15 нафар ҳалок ва беш аз 60 кас ҷароҳат бардоштанд. Худи ҳамон рӯз дар метрои ин шаҳр боз як бомбаи худсохт безарар гардонида шуд.

Бино ба маълумоти тафтишот, террористи маргталаб, ки ҳангоми таркиш дар метрои Петербург ҳалок шуд, зодаи шаҳри Оши Қирғизистон ӯзбеки этникӣ Акбарҷон Ҷалилов аст. Баъдан маълум шуд, ки аз рӯи далели таркиш дар метро ҳашт нафар – Сайфулло Ҳакимов, Иброҳимҷон Ёрматов, Дилмурод Муҳиддинов, Баҳром Эргашев, Аъзамҷон Маҳмудов, Муҳамадюсуф Мирзоолимов, Шоиста Каримова ва Содиқ Ортиқов боздошт шудаанд.

https://www.youtube.com/watch?v=WIq1Bhieo_4

Сафорати Тоҷикистон дар Русия маълумоти шаҳрванди Тоҷикистон будани яке аз боздоштшудагон ба гумони даст доштан дар амали террористӣ дар метрои Петербург Содиқ Ортиқовро тасдиқ намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.