ВКД марги Гулмурод Ҳалимовро тасдиқ намекунад

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон изҳор медорад, ки маълумот дар бораи марги собиқ фармондеҳи ОМОН Гулмурод Ҳалимовро, ки ду сол пеш ба сафҳои Давлати исломӣ пайваста буд, тавассути имконоту воситаҳои худ мавриди санҷиш қарор додааст.

Гулмурод Ҳалимов то ҳол мавриди пайгарди байнулмилалӣ қарор дошта, ному насаби ӯ дар сомонаи Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол) ҷой дорад.

Дар ВКД Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, ки агар ҳалокати Ҳалимов бар асари зарбаи ҳавоӣ дар Мавсил расман тасдиқ шавад, дар ин бора эълон хоҳанд кард.

Ҳамчунин дар Вазорат далели боздошти писари калонии Ҳалимов – Беҳрӯз Гулмуродовро низ тасдиқ накарданд. Дар ин бора рӯзи душанбе Радиои Озодӣ хабар дода буд. Дар дафтари матбуоти Вазорат тавсия доданд, ки бо ин масъала ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ муроҷиат намоем.

Дар КДАМ Тоҷикистон изҳор намуданд, ки онҳо дар даст чунин маълумот надоранд. Дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ зикр карданд, ки «нахуст бояд ин маълумотро бисанҷанд».

Рӯзи 17 апрел сомонаи Радиои Озодӣ дар бораи аз ҷониби мақомоти интизомӣ боздошт шудани Беҳрӯз Гулмуродов, фарзанди калонии Гулмурод Ҳалимов тақрибан се ҳафта пеш дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб маълумот интишор кард.

Рӯзи 15 апрел бошад, Маҷаллаи «Таймс» дар бораи кушта шудани собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов маълумот дод.

Ёдрас мекунем, ки фармондеҳи ОМОН ВКД Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимови 40-сола ахири моҳи апрели соли 2015 бедарак шуд. Ӯ дар ҷойи кор пайдо нашуда, макони будубошаш ҳам ба касе маълум набуд. Расо баъди як моҳ полковник аз худ дарак дод. Дар шабака навори видеоии 12-дақиқаинаи муроҷиати Ҳалимов бо забони русӣ интишор шуд.

Дар ин навор ӯ ҳикоят кард, ки ба нишони эътироз алайҳи тарзу усулҳои кор дар ВКД ба сафи «Давлати исломӣ» пайвастааст. Ӯ ҳамчунин доир ба омодагӣ ва омӯзишаш дар давраҳои таълимӣ дар ИМА низ маълумот дода буд.

Қобили зикр аст, ки нисбат ба полковник дар Тоҷикистон мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...