Террористро дар Петербург тариқи телефон ёфтаанд

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гумонбар ба ташкили амали террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербург Аброр Азимовро тариқи санҷиши робитаҳои телефонии Акбарҷон Ҷалилов, ки дастгоҳро тарконид, пайдо намудаанд. Бино ба маълумоти нашрияи «Коммерсант», Азимов ягона узви гурӯҳи террористӣ будааст, ки пеш аз содир кардани амали террористӣ Акбарҷон Ҷалилов бо ӯ тавассути телефон тамос гирифтааст. Гуфта мешавад, баъди […]

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гумонбар ба ташкили амали террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербург Аброр Азимовро тариқи санҷиши робитаҳои телефонии Акбарҷон Ҷалилов, ки дастгоҳро тарконид, пайдо намудаанд.

Бино ба маълумоти нашрияи «Коммерсант», Азимов ягона узви гурӯҳи террористӣ будааст, ки пеш аз содир кардани амали террористӣ Акбарҷон Ҷалилов бо ӯ тавассути телефон тамос гирифтааст.

Гуфта мешавад, баъди содир шудани амали террористӣ, Азимов ба пинҳоншавӣ кӯшиш карда, дар манзили иҷора пайдо намешудааст ва аз телефонҳои худ низ дигар истифода намебурдааст, аммо рӯзи 17 апрел ӯ якчанд телефони мобилӣ ва сим-кортҳои нав харида, ҳангоми фаъол намудани яке аз симкортҳо, мақомоти интизомӣ аз макони ҳузури Азимов огоҳ ва ӯро боздошт кардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки Аброр Азимов низ чун Ҷалилов дар вилояти Оши Қирғизистон таваллуд ва ба воя расида, соли 2013 шаҳрвандии ин кишварро рад ва чун Ҷалилов ба шаҳрвандии Русия соҳиб шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.