Фурӯравии қитъаи шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент бар асари лағзиши теппа

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қитъаи 60-метраи шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент бар асари поинравии теппа ба андозаи 2-3 метр фурӯ рафт. Ин шоҳроҳ баъди таъмиру азнавсозӣ моҳи октябри соли 2015 бо иштироки президент ба истифода дода шуда буд.

Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ сабаби аслии фурӯравии қитъаро, ки айни замон низ идома дорад, ба беҳад зиёд будани намнокии хок нисбат дода, бар ин назаранд, ки поинравии қитъа ҳамчунин ба тариқи он гузаштани автомашинаҳои бузургҳаҷми боркаш ва заминҷунбӣ низ вобаста аст.

Зикр гардид, ки қитъаи мазкур аз аввал ҳамчун ба хатар осебпазир арзёбӣ шуда, феълан мутахассисони вазорат дар ҳамдастӣ бо намояндагони дигар сохторҳои дахлдор барои рафъи оқибатҳои ин вазъ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Дар Вазорат таъкид доштанд, ки барои равуои воситаҳои нақлиёт дар ин қитъа роҳи муваққатӣ амал карда, корҳои пурра барқарор намудани қитъаи асосии роҳ то замони комилан бозмондани поинравии теппа мавқуф гузошта шудаанд.

Ҳамчунин қайд карданд, ки қитъаи роҳи фурӯрафта аз ҷониби ширкате барқарор хоҳад шуд, ки корҳои таъмиру азнавсозиро анҷом додааст, зеро муҳлати кафолатноки истифодаи он ҳоло ба итмом нарасидааст.

Роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент баъди таъмиру азнавсозии сесола моҳи октябри соли 2015 мавриди истифода қарор гирифт. Паймонкори кулли лоиҳаи мазкур ширкати «Сзянчан Бейсинг»-и Чин аст. Арзиши умумии лоиҳа 136 млн. долларро ташкил дода, аз ин миқдор 100 млн. доллар – кумаки ройгони Бонки осиёгии рушд, 22 млн. доллар – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва 14 млн. доллар – қарзи ОПЕК (Иттиҳодияи кишварҳои содиркунандаи нафт) мебошад.

Масофаи умумии шоҳроҳи таъмиршудаи Айнӣ – Панҷакент – марзи Ӯзбекистон 113 километрро ташкил медиҳад. Ин роҳ қад-қади дарёи Зарафшон (ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент) тӯл кашида, то марзи Ӯзбекистон мерасад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...