Коммунистони Тоҷикистон пешвои нав интихоб карданд

Мавҷуда Холова, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Анҷумани XXXIII ғайринавбатии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ба таърихи 22 апрели соли 2017 баргузор гардид.

Тибқи қарорҳои конференсияҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятӣ ба анҷуман 80 нафар вакилон аз манотиқи гуногуни кишвар интихоб гардида буданд. Дар кори анҷуман 72 нафар вакилон ширкат варзиданд. Анҷуман бо пахши Суруди Миллӣ оғоз гардида, баъдан хотираи неки собиқ раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Талбаков Исмоил Иброимович, ки дар Анҷумани  XXXII ҲКТ моҳи августи соли 2016 интихоб гардида буд ва хотираи дигар коммунистони дар давраи байни Анҷумани  XXXII ва Анҷумани XXXIII ғайринавбатӣ аз олам даргузашта бо дақиқаи хомӯшӣ пос дошта шуд.

Дар Анҷуман танҳо як масъала – интихоби раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Оид ба пешбарии номзад ба раисии ҳизб котиби якуми кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе С. Сафиаллоев, котиби кумитаи ҳизбии вилояти Суғд Қ. Мирзоева, котиби кумитаи ҳизбии шаҳри Кӯлоб Ш. Сафаров, котиби кумитаи ҳизбии минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон Х. Абдуназаров, котиби кумитаи ҳизбии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон Қ. Зулматов, котиби кумитаи ҳизбии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Амонатова, котиби кумитаи ҳизбии ноҳияи Рӯдакӣ Н. Мирзоев ва котиби кумитаи ҳизбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Х. Рақамов ба сухан баромада, иброз доштанд, ки дар конференсияҳои ҳизбии шаҳру ноҳия ва вилоятҳои номбаршуда номзадии котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Абдуллоев Мироҷ Санонович ба вазифаи раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон аз ҷониби коммунистон дастгирӣ ёфта, пешниҳод гардидааст.

Ин пешниҳодҳоро дигар вакилони анҷуман низ дар баромадҳояшон дастгирӣ намуданд.

Интихоби раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ба таври овоздиҳии кушода бо пешниҳоди вакилони анҷуман баргузор гардид ва вакилон ҳама ба тарафдории Абдуллоев Мироҷ Санонович барои интихоб шудан ба вазифаи раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон якдилона овоз доданд.

Раиси тозаинтихоби ҳизб М.С. Абдуллоев ба вакилони анҷуман барои ба чунин вазифаи масъулиятнок бовар карда, ӯро интихоб намудан изҳори миннатдорӣ намуд. Вай ҳамчунин иброз дошт, ки барои муттаҳидии ҳарчи бештари ҳизб, пурзӯр гардонидани ташкилотҳои ҳизбӣ аз поён то ба боло, густариш додани фаъолияти кумитаҳои ҳизбӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо баҳри таҳкими истиқлолият ва тақвияти ваҳдати миллӣ, якпорчагии кишвару мусоидат намудан ба бунёдкориву ободонии Ватани ягона – Тоҷикистони тозаистиқлол пайваста ҷидду ҷаҳд менамояд.

Дар кори анҷуман намояндаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раъно Бобоева иштирок намуда, баромад кард.

Пас аз анҷуман раиси тозаинтихоби ҳизб Мироҷ Санонович бо котибони кумитаҳои ҳизбии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо аввалин маҷлис – машварат доир намуд, ки дар он фикру андешаҳои ҷолиб, пешниҳодҳои мушаххаси котибони кумитаҳои ҳизбии манотиқи гуногуни кишвар баҳри пешрафти кори ҳизб шунида шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...