Истеъфои вазири мудофиаи Афғонистон пас аз ҳамлаи толибон

Вазири дифоъ, сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳ ва як қатор фармондеҳони баландпояи артиши Афғонистон дар робита ба ҳамлаи хунини Толибон ба пойгоҳи нерӯҳои ҳукуматӣ дар вилояти Балх аз мақомҳояшон барканор шуданд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ вазири дифоъ Абдуллоҳ Ҳабибӣ, сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон Қадамшоҳ Шаҳим ва се фармондеҳи […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Вазири дифоъ, сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳ ва як қатор фармондеҳони баландпояи артиши Афғонистон дар робита ба ҳамлаи хунини Толибон ба пойгоҳи нерӯҳои ҳукуматӣ дар вилояти Балх аз мақомҳояшон барканор шуданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ вазири дифоъ Абдуллоҳ Ҳабибӣ, сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон Қадамшоҳ Шаҳим ва се фармондеҳи баландпояи пойгоҳи низомии Шоҳин-2009-ро дар вилояти Балх барканор кард. Додситонии кулли Афғонистон ба зудӣ бозпурсии ин афсаронро дар доираи парвандаи санҷиши ҳамлаи Толибон ба пойгоҳи мазкур оғоз хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ҷангиёни Толибон 21 апрел ба пойгоҳи артиши Афғонистон дар шаҳри Мазори Шарифи Балх ҳамла карда, дасти кам 140 низомиро куштанд. Манобеи расмии Афғонистон мегӯянд, ки ҷангиёни Толибон дар тан либоси артиши миллии ин кишварро доштанд. Ин пурқурбонитарин ҳамла ба пойгоҳҳои низомии Афғонистон аст.

Намояндаи артиши милли Афғонистон гуфтааст, ҷангиёни Толибон замоне ҳамларо оғоз карданд, ки сарбозон баъди адои намози ҷумъа аз масҷид берун мешуданд. Онҳо ҳатто сарбозеро, ки дар ошхона буд, паррондаанд.

Толибон мегӯяд, барои гузаштани девори аввали дифоии пойгоҳ аз маргталабон истифода кардааст. Дар натиҷаи ин ҳамла, дасти кам 10 ҷангии гурӯҳи даҳшатафкани мазкур кушта шудаанд.

Давлати Афғонистон ба хотири арҷгузорӣ ба қурбониён 23 апрелро рӯзи мотами миллӣ эълон кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ