АНОНС
– Рӯзҳои 24-25 апрел дар маркази исмоилияи Душанбе дар мавзӯи «Рушди низоми дахолати барвақтӣ дар Тоҷикистон» барои табибон ва мутахассисон мизи гирд баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00;
– Муҳлати авфи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ба итмом мерасад.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.4778 сомонӣ;
1 евро – 9.0696 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1544 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии ҷавонон.
1992 – Барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина.
2009 — Президенти Тоҷикистон Фармон дар бораи ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштанро ба имзо расонид.
2012 — Вазири корҳои хориҷии Русия пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави кишвараш манфиатдор аст.
1923 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Иқбол Табарова.
1928 – Мавлуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Шумқор Одинабеков.
1950 – Зодрӯзи собиқ вакили парлумон Юсуф Аҳмедов.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +23+28; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +17+22.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +27+32; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +21+26.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +2+7, рӯзона +14+19; дар шарқ шабона -1-6, рӯзона +6+11.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +26+31; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +18+23.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +29+31.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +13+15 рӯзона +26+28.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +30+32.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, субҳ ва шабона борон меборад.
Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +17+19.


