Ҳалокати 2 нафар дар ҳамла ба қабулгоҳи ХФА дар Хабаровск

Ба қабулгоҳи Раёсати Хадамоти федералии амният (ХФА)-и Русия дар Хабаровск ҳамла сурат гирифта, як корманди хадамот ва шахси дар он ҷо ҳузурдошта ҳалок шуданд. «Соати 17:02-и рӯзи 21 апрел ба вақти маҳаллӣ як шахси номаълум ба қабулгоҳи ХФА дар шаҳри Хабаровск ворид шуда, бидуни убури минтақаи назорати техникӣ ба сӯи шахсони дар қабулгоҳ ҳузурдошта ба […]

Asia-Plus

Ба қабулгоҳи Раёсати Хадамоти федералии амният (ХФА)-и Русия дар Хабаровск ҳамла сурат гирифта, як корманди хадамот ва шахси дар он ҷо ҳузурдошта ҳалок шуданд.

«Соати 17:02-и рӯзи 21 апрел ба вақти маҳаллӣ як шахси номаълум ба қабулгоҳи ХФА дар шаҳри Хабаровск ворид шуда, бидуни убури минтақаи назорати техникӣ ба сӯи шахсони дар қабулгоҳ ҳузурдошта ба тирпарронӣ оғоз кард», – хабар медиҳад «Медуза» бо такя ба Мркази робита бо ҷомеаи ХФА.

Бино ба маълумоти Маркази робита бо ҷомеаи ХФА, бар асари ин тирпарронӣ корманди раёсат ва шахси дар қабулгоҳ ҳузурдошта – як шаҳрванд аз кишвари узви ИДМ ҳалок ва боз як шахси дигар захмӣ шуда, ҳамлагар кушта шудааст.

Хабаргузории DVhab.ru-и Хабаровск дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки гирду атрофи бинои раёсати ХФА аз ҷониби мақомоти интизомӣ зери назорат гирифта шуда, дар макони ҳодиса хатсайри ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ тағйир дода шудааст ва дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ҳам қатъ мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.