Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Рӯзҳои 24-25 апрел дар маркази исмоилияи Душанбе дар мавзӯи «Рушди низоми дахолати барвақтӣ дар Тоҷикистон» барои табибон ва мутахассисон мизи гирд баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00; – Муҳлати авфи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ба итмом мерасад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин […]

Asia-Plus

АНОНС

– Рӯзҳои 24-25 апрел дар маркази исмоилияи Душанбе дар мавзӯи «Рушди низоми дахолати барвақтӣ дар Тоҷикистон» барои табибон ва мутахассисон мизи гирд баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00;

– Муҳлати авфи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ба итмом мерасад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.4778 сомонӣ;

1 евро – 9.0696 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1544 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии ҷавонон.

1992 – Барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина.

2009 — Президенти Тоҷикистон Фармон дар бораи ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштанро ба имзо расонид.

2012 — Вазири корҳои хориҷии Русия пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қаламрави кишвараш манфиатдор аст.

1923 – Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Иқбол Табарова.

1928 – Мавлуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Шумқор Одинабеков.

1950 – Зодрӯзи собиқ вакили парлумон Юсуф Аҳмедов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +23+28; дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +17+22.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +27+32; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +21+26.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +2+7, рӯзона +14+19; дар шарқ шабона -1-6, рӯзона +6+11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +26+31; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +18+23. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +29+31.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15 рӯзона +26+28.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +30+32.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, субҳ ва шабона борон меборад.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +17+19.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.