Аввалин истеъфои сармураббии дастаи Лигаи олии футболи ҷумҳурӣ

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев – сармураббии дастаи "Ҳосилот"-и Фархор – рӯзи якшанбе, баъди бохти бозӣ ба ССКА “Помир”-и Душанбе (0:1), аз вазифааш истеъфо дод. Ин аввалин истеъфои сармураббии тими Лигаи олӣ дар мавсими имсолаи футболи Тоҷикистон аст. Аммо Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев рӯзи 23 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки сабаби аслии истеъфояш ба мушкили молии даста […]

Радиои Озодӣ

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев – сармураббии дастаи "Ҳосилот"-и Фархор – рӯзи якшанбе, баъди бохти бозӣ ба ССКА “Помир”-и Душанбе (0:1), аз вазифааш истеъфо дод.

Ин аввалин истеъфои сармураббии тими Лигаи олӣ дар мавсими имсолаи футболи Тоҷикистон аст. Аммо Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев рӯзи 23 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки сабаби аслии истеъфояш ба мушкили молии даста рабт дорад.

«Хеле барвақт мехостам, ки аз ин мақом биравам. Чанд бор ваъда карданд, ки вазъ беҳтар мешавад, аммо нашуд ва сабр ба поён расид. Имрӯз фурсаташ буд ва ман ҳам қарорамро эълон кардам», – иброз доштааст ӯ.

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев зикр кардааст, ки беш аз чаҳор моҳ боз аъзои дастаи “Ҳосилот” маош нагирифтаанд ва ба ин далел бархе аз бозигарони калидӣ, аз ҷумла Иброҳим Рабимов, Ойбек Абдуғаффоров ва легионери узбакистонӣ Сайриддин Ғаффоров, дастаро тарк намудаанд. Дар ҳайати даста, ба қавли ӯ, "аз бозигарони асосӣ ҳамагӣ 12 нафар монданд".

"Даста ин шабу рӯз ба ҳимояту кумаки молӣ ниёз дорад. Дар гузашта раиси собиқи ноҳияи Фархор ҳамаҷониба ба даста кумак мекард, вале раҳбарияти феълӣ ба муроҷиати масъулони даставу мухлисон бетаваҷҷуҳӣ намуд", – гуфтааст Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев.

"Ҳосилот" ба мисли дастаҳои пурмухлистарини "Равшан"-и Кӯлоб, "Далерон-Ӯротеппа"-и Истаравшан ва "Хайр"-и Ваҳдат ҳазорон ҳаводорашро хушнуд мекард. Вале имрӯз бо ин дастаҳо ҳамтақдир шуда, дар сурати ҳимояти молӣ наёфтан бо Лигаи олӣ худоҳофизӣ хоҳад намуд.

То кунун раҳбарияти ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи вазъи дастаи "Ҳосилот" ва сарнавишти ояндаи он сӯҳбат накарданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.