Маҳви яке аз ҷонибдорони наздики раҳбари Давлати исломӣ

Низомиёни Амрико мегӯянд, яке аз ҷонибдорони наздики раҳбари гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) Абдураҳмон Ӯзбекӣ, ки эҳтимол дорад, шаҳрванди Ӯзбекистон аст, кушта шуд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ 6 апрел дар натиҷаи амалиёти махсуси пинҳонии заминӣ дар шаҳри Маёдини Сурия ҷон бохтааст. "Ин амалиёти заминӣ буд. Феълан роҷеъ ба қазияи мазкур ҳамин […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Низомиёни Амрико мегӯянд, яке аз ҷонибдорони наздики раҳбари гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ) Абдураҳмон Ӯзбекӣ, ки эҳтимол дорад, шаҳрванди Ӯзбекистон аст, кушта шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ 6 апрел дар натиҷаи амалиёти махсуси пинҳонии заминӣ дар шаҳри Маёдини Сурия ҷон бохтааст. "Ин амалиёти заминӣ буд. Феълан роҷеъ ба қазияи мазкур ҳамин қадар маълумот дода метавонем", – гуфт намояндаи Фармондеҳии марказии Қувваҳои мусаллаҳи ИМА полковник Ҷон Томас.

Полковник Томас аз ироаи ҷузъиёти амалиёт худдорӣ кард ва танҳо афзуд, ки Ӯзбекӣ дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ кушта нашудааст.

Ҷониби Амрико мегӯяд, бар пояи иттилои онҳо, Абдураҳмон Ӯзбекӣ дар ҳамла ба клуби шабонаи "Reina"-и шаҳри Истамбули Туркия, ки 1 январи соли равон 39 кушта ва 69 захмӣ бар ҷой гузошт, даст дорад. Масъулияти ин ҳамларо ДИ ба зимма гирифта буд.

Ҳамла ба клуби шабонаи Истамбулро зодаи 34-солаи Ӯзбекистон Абдуқодир Машарипов анҷом дод. Ӯро баъди 16 рӯз дар Истамбул дастгир карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.