Анастасия Волочкова ба оилаи тоҷикон сарпаноҳ дод

Asia-Plus

Ҳунармандзани маъруфи балети Русия Анастасия Волочкова аз мушкилоти як оилаи тоҷикон огаҳ гардида, ба онҳо дар манзили худ сарпаноҳ додааст.

Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, ӯ тасодуфан аз шунидани аҳволи хеле мушкили зодагони Осиёи Марказӣ, ки зан ҳатто ҳомиладор будаасту барои иҷорапулӣ ва зиндагии рӯзмарра маблағе надоштаанд, хеле мутаассир шуда, онҳоро барои зист ба манзили худ даъват кардааст.

«Ман чунин мешуморам, ки агар мо ба касе кумак карда тавонем, ҳатман инро бояд ба анҷом расонем ва агар ҳар кадоме аз мо дар ҳаёт каме ба корҳои неку хайрхоҳона даст занад, ҳаёт албатта беҳтар хоҳад шуд», – овардааст гуфтаҳои Волочковаро «Собеседник».

Гуфта мешавад, баъди таваллуд Лолитаро бо тифлаш ба манзили Волочкова оварда, ӯ ба онҳо дар бинои ҳайати кормандонаш ду ҳуҷра ҷудо кардааст. Волидони кӯдакро дар хона ба кор гирифта, ба онҳо барои кумак дар корҳои хона музди меҳнати хуб медиҳад. Ӯ тоҷиконро акнун қисмате аз аҳли оилаи худ ҳисобида, маросиму идҳоро ҳама ҳамроҳ ҷашн мегиранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...